«Тоҷикистон давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар аст», «Модаре, ки Президент суроғаш кард» — шарҳи матбуот
ДУШАНБЕ, 07.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Нашрияи «Ҷумҳурият» (06.09.2017,№188) матни суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар муколамаи кишварҳои рушдёбанда ва давлатҳои аъзои БРИКС дар ҳошияи Ҳамоиши БРИКС нашр кардааст. Хотиррасон бояд шуд, ки ҳафтаи гузашта Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷом додани сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин қарор доштанд ва бо даъвати Раиси Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин дар қатори сарони 5 давлати рушдкунанда дар Ҳамоиши навбатии созмони БРИКС иштирок карданд. Созмони БРИКС кишварҳои Бразилия, Россия, Ҳиндустон, Чин, Ҷумҳурии Африкаи Ҷанубиро аз қитъаҳои гуногуни олам ба ҳам овардааст. Иқтисоди кишварҳои узви БРИКС дар ҳоли рушд буда, аз ҷиҳати нуфуси аҳолӣ ва иқтидорҳои иқтисодӣ аз кишварҳои дигари ҷаҳон бартарӣ доранд. Ҳадафи аслии кишварҳои узви ин созмон тақвияти ҳамкории иқтисодӣ ва гуманитарӣ дар миёни қитъаҳо мебошад. Пешвои миллат вобаста ба ин зимни суханронии худ зикр карданд: «Муколамаи имрӯзаро мо ҳамчун имконияти мусоид барои мубодилаи афкори созанда оид ба тақвияти ҳамкории амалии бисёрҷониба, ки ба таҳкими сулҳ, амният ва беҳбудии некӯаҳволии мардумонамон нигаронида шудааст, арзёбӣ мекунем. Шарикии зич ба хотири рушди умумӣ ва таъмини ояндаи дурахшон дар ҳалли масъалаҳои мубрами рушди устувор ва мушкилоти иҷтимоию иқтисодии ҷаҳони муосир нақши калидӣ мебозад». Оид ба нақши Тоҷикистон дар татбиқи Барномаи глобалии рушди устувор Президенти мамлакат изҳор карданд, ки: «як қатор кишварҳои рушдёбанда, аз ҷумла Тоҷикистон, ба татбиқи Барномаи нави амал оид ба рушди устувор дар шароити начандон мусоид оғоз мекунанд. Маълум аст, ки солҳои охир талошҳои як зумра кишварҳо барои расидан ба рушди устувор бинобар шиддати буҳронҳои иқтисодию молиявӣ ва дигар омилҳо, инчунин тағйирёбии сартосарии иқлим ба душвориҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ мешаванд. Дар ин шароит нақшаҳо ва барномаҳои амал оид ба рушди устувор бояд бо василаҳои коршоями татбиқ, аз ҷумла захираҳои молиявӣ ва технологияҳо тақвият дода шаванд. Кишварҳои БРИКС, ки дорои захираҳои фаровони табиӣ ва инсониянд, метавонанд дар ин раванд саҳми назаррас гузоранд. Бонки Рушди БРИКС дар дастгирии талошҳои кишварҳои рушдкунанда оид ба истифодаи маҷмӯии иқтидорҳои онҳо ҷиҳати таъмини рушди устувор нақши бузург бозида метавонад».
Дар идомаи мавзӯи сафари давлатии Пешвои миллат ба ҶМЧ нашрия мусоҳибаи Президенти мамлакатро бо рӯзномаи «Жэнмин Жибао» бознашр кардааст. Дар мусоҳибаи мазкур Сарвари давлати Тоҷикистон таъкид карданд: «Иштироки Тоҷикистон дар ҳамоиши сарони давлатҳои аъзои БРИКС, ки дар ҳоли рушди иқтисодии рӯзафзун қарор дошта, дорои захираҳои фаровони табиӣ мебошанд, барои таъмини некӯаҳволии халқҳо аҳамияти хосса дорад».
Бахши дигари нашрия ба инъикоси муфассали идомаи сафари давлатии Сарвари давлати тоҷикон ба Чин бахшида шудааст. Дар идомаи сафари давлатӣ Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Шоҳигарии Таиланд Прают Чан-Оча, Президенти Ҷумҳурии Африкаи Ҷанубӣ Ҷейкоб Зума, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср Абдулфаттоҳ Ас-сиси, Президенти Бразилия Мишел Темер, Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Наренда Модӣ, Президенти Штатҳои Муттаҳидаи Мексика Энрике Пеня Нето, Президенти Гвинея Алфа Конде доир ба рушди минбаъдаи ҳамкории дуҷониба мулоқотҳои самимию дӯстона анҷом доданд. Матлаби дигари рӯзнома оид ба созмони БРИКС, таърихи пайдоиши он, ҳадафҳо ва дурнамои рушди минбаъдаи ин созмон нақл мекунад.
Дар саҳифаҳои дигари нашрия мақолаҳои «Кишвари тоҷик ва забони тоҷикӣ дар аҳди бостон», «Душанбе, омодагии муассисаҳои тиббӣ ба зимистонгузаронӣ», «Тақозои замон» чоп шудаанд.
Нашрияи парлумонии «Садои мардум» (07.09.2017,№107) низ мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо рӯзномаи «Женмин Жибао» таҳти сарлавҳаи «Мо ҳамеша ташаббусҳои созандаро дастгирӣ мекунем» нашр карда, рафти сафари давлатии Пешвои миллатро ба ҶМЧ муфассал инъикос кардааст. Дар саҳифаҳои дигари нашрия мақолаҳои «Тоҷикистон давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар аст», «Таассуб ҳанӯз ҳам боқист», «Бабри барфиро ҳифз бояд кард», «Шодиву мотами мо рақс аст» ва мусоҳиба бо нависанда С.Ҳасанзод таҳти сарлавҳаи «Аз дуои модар қаламам сабз гаштааст» пешкаши хонандагон шудаанд. Муаллифи мақолаи «Таассуб ҳанӯз ҳам боқист» навиштааст: «Таассуб аз ҷомеаи мо ҳанӯз дур нашудааст. Барои вораҳонидани гумроҳон аз ин амали нораво тибқи дастури Пешвои миллат бояд домуллоҳо бештар кӯшиш намоянд. Тавассути телевизион хато будани гаравидан ба расму оинҳои бегонаро аз нуқтаи назари дини мубини Ислом шарҳу эзоҳ диҳанд. Бо ин роҳ онҳо метавонанд дар нигоҳ доштани асолати фарҳанги миллии мо ҳиссаи сазовор гузоранд».
Мақолаи дигари ҷолиб, ки нашрияи «Садои мардум» чоп кардааст, «Се иштибоҳи профессор Элбон Ҳоҷибеков» ном дорад. Муаллифи матлаби мазкур Тиллои Некқадам дар охири мақола чунин навиштааст: «Ҳайф аст, ки ҷумҳурии моро дар маҷаллаи бонуфузи илмии «Успехи современной науки» (Федератсияи Россия) Элбон Ҳоҷибеков барин олимон, ки аз таърихи санъати тоҷик хуб огоҳӣ надоранд, муаррифӣ кунанд…».
Нашрияи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон «Минбари халқ» мақолаи Ҳуриннисо Ализодаро бо сарлавҳаи «Модаре, ки Президент суроғаш кард» чоп кардааст. Мақолаи мазкур аз қиссаи модари тоҷик Нигина Орифова нақл мекунад, ки се фарзандаш дар роҳи барқарор кардани ҳукумати конститутсионӣ қурбон шудаанд. Нигина Орифова дар қатори аввалинҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро 27 июни соли 1997 ҳангоми бозгашт ба Ватан баъди ба имзо расонидани Созишномаи сулҳ, дар фурудгоҳи Душанбе ба шаддагулҳо пешвоз гирифтааст. Дар мақола омадааст: «Чун Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз пиллаҳои самолёт пойин мешуд, дар чеҳраи зебои ӯ як нуреро дидам, ки рӯҳи тозае дар вуҷуди ман пайдо кард ва худро модари ин марди худодод тасаввур кардам. Фикр кардам, ки қаду басти се гулписари ман дар симои ӯ аз нав эҳё мегардад. Андешидам, ки ман боз як писаре ёфтам…».