Тоҷикистон ва Чин нахустин шуда Барномаи ҳамкорӣ дар доираи Камарбанди иқтисодии Роҳи абрешимро ба имзо расонданд

Сентябрь 1, 2017 10:09

ДУШАНБЕ, 01.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин дирӯз, 31 август Барномаи ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид. Барномаи ҳамкорӣ аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатӣ оид ба рушд ва ислоҳоти Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳия шудааст.

Барномаи мазкур идомаи мантиқии Ёддошти тафоҳум оид ба таҳияи лоиҳаи «Камарбанди иқтисодии Роҳи абрешим» мебошад, ки соли 2014 байни ҶМЧ ва кишварҳое, ки ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ»-ро дастгирӣ мекунанд, ба имзо расида буд. Соли 2014 низ Тоҷикистон нахустин шуда, Ёддошти тафоҳумро ба тасвиб расонида буд. Дар Барномаи ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Чин афзалиятҳо ва самтҳои ҳамкории байни ду кишвари дӯст дар доираи ташаббуси «Камарбанди иқтисодии Роҳи абрешим», инчунин роҳҳои амалӣ кардани ҳамкорӣ муайян карда шудаанд.

Зимни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибҳо аз баимзорасӣ ва дар амал татбиқ шудани Барномаи ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин изҳори қаноатмандӣ намуда, ба мувофиқа расиданд, ки минбаъд низ дастгирии ҳамаҷониба ва иштироки фаъолона дар доираи ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» идома дода шавад.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки иҷрои ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» бо «Стратегияи рушди миллии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» дар алоқамандӣ бо ҳамдигар амалӣ карда шавад ва барои рушди якҷояи кишварҳо мусоидат намояд.

Сентябрь 1, 2017 10:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд