Забоншиносони кишвар масъалаҳои табиати иҷтимоии забонро баррасӣ мекунанд — конференсияи илмӣ бахшида ба ҷашни забон
ДУШАНБЕ, 27.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. «Масъалаҳои табиати иҷтимоии забон» — таҳти чунин унвон 29 сентябри соли равон, соати 10:00, дар толори Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллои Рӯдакии Академияи илмҳои ҶТ конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ доир мегардад.
Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» мудири шуъбаи забони Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи А. Рўдакии АИ ҶТ Сайфиддин Мирзоев хабар дод.
Ба иттилои Сайфиддин Мирзоев, ин ҳамоиши илмӣ ба ҷашни забони давлатӣ бахшида мешавад ва дар он тамоми олимону забоншиносон ва устодони донишгоҳу донишкадаҳои кишвар ширкат намуда, доир ба омилҳои ташаккули сиёсати забон, густариши забони тоҷикӣ, мақоми забони давлатӣ ва дигар мавзӯъҳои муҳими вобаста ба рушди забони тоҷикӣ маърӯза менамоянд.
Конференсияи мазкур дар ҳамбастагӣ бо Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ва Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.








Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






