Зиёрати ҳоҷӣ не, балки маъракаи бодабдабаи «ҳоҷизиёрат» манъ карда шудааст
ДУШАНБЕ, 19.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бар асоси тағйиру иловаҳои ба Қонуни Ҷумҳурии Точикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» воридгардида маъракаи «ҳоҷизиёрат» манъ карда, зиёрати ҳоҷӣ иҷозат дода шудааст. Аз ин ба баъд баргузории маъракаи гусел, қабул ва зиёрати ҳоҷӣ танҳо дар доираи хешу табор ва ҳамсояҳои наздик гузаронида мешавад. Ин нуктаро Раиси Кумита оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Холиқзода зимни шарҳи мазмун ва муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Точикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки дирӯз дар ноҳияи Рӯдакӣ бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолони ноҳия доир гардид, иброз намуд. Абдураҳим Холиқзода дар робита ба ин зикр кард, ки бояд комиссияҳои доимӣ, кормандони бахш ва домуллоҳо ҳангоми корҳои фаҳмондадиҳӣ ба шаҳрвандон фаҳмонанд, ки дигар гурӯҳ-гурӯҳ рафтани мардум ба зиёрати ҳоҷӣ манъ аст.
Дар мулоқот гурӯҳи корӣ ба ҳозирин бандҳои наверо, ки ба қонуни танзим илова шудаанд, шарҳу тавзеҳ дода, мақсад аз қабули онҳоро ҳимояи манфиати молии шаҳрвандон арзёбӣ намуданд.
Раиси Кумита оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Холиқзода, аз ҷумла, зикр кард, ки «лоиҳаи қонуни мазкур дар асоси дархост, пешниҳод ва талаби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду модда ва 13 қисм пешниҳод гардид. Пешниҳодҳои мазкур фарогири 11 моддаи қонуни мазкур буда, 11 илова ва 9 тағйиротро дарбар мегиранд. Дар маҷмӯъ, 4 моддаи қонун дар таҳрири нав пешниҳод карда шуданд. Тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда самтҳои мухталифи талаботи қонуни мазкурро дарбар мегиранд.
Таъкид карда шуд, ки ин қонун, ки қонуни миллӣ мебошад, яке аз муносибатҳои нозуки ҳаёти иҷтимоӣ-муносибати шаҳрвандонро нисбат ба урфу одатҳо ва маъракаю маросимҳо ба низом медарорад. Дар ин самт ҷоннок намудани фаъолияти комиссия, ки аз миёни мардум мебошад, аз нуқтаи назари ҷомеаи шаҳрвандӣ ва қонуни давлати демократӣ ба мақсад мувофиқ аст.
Мақсад ва ҳадафи қонуни мазкур беҳтар кардани шароити зиндагӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум аст. Вазифаи гурӯҳҳои тарғиботӣ ба шаҳрвандон дуруст фаҳмонидани мазмун ва муҳтавои қонуни миллӣ аст, то сатҳи зиндагии мардум аз ин ҳам беҳтар шуда, маданияти маъракороии онҳо баландтар гардад.
Дар мулоқот дигаргуниҳои ҷиддӣ ба моддаи 11-и Қонуни амалкунанда, ки маросими дафну азодориро танзим менамоянд, шарҳ дода шуданд. Мувофиқи ин тағйиру иловаҳо, тамоми маросими дафну азодорӣ бе забҳи чорво ва бе додани таом гузаронида мешаванд. Аз ҷумла, маросими «се», «чил» ва «сол» бе забҳи чорво ва бе додани таом гузаронида мешаванд. Мутобиқ ба шариати ислом, талаботи мазҳаби ҳанафия ва стандартҳои байналмилалӣ дар ин қисм ҳам тағйирот ворид карда шуд.
Бояд зикр кард, ки ноҳияи Рӯдакӣ дар ин самт яке аз аввалинҳо шуда, ин иқдомро дастгирӣ намуд ва дар ин ҷо баргузории ин маросимҳоро бе забҳи чорво ва додани таом ба роҳ мондаанд.
Ба боби 4, эзоҳи 1, моддаи 14-и ин қонун, ки «Уҳдадориҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми гузаронидани тӯю маъракаҳо» ном дорад, чунин илова ворид шудааст: «Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ уҳдадоранд, ки рукнҳои фарҳанги миллӣ, аз ҷумла забони давлатӣ ва либосҳои миллиро ҳифз намоянд». Абдураҳим Холиқзода ин иловаҳоро шарҳ дода, изҳор намуд, ки «дар қонун ҷазо барои нақзи ин уҳдадорӣ пешниҳод нашудааст, вале комиссияи доимӣ ва шахсони масъул бояд бо роҳи тарғиб ба мардум фаҳмонанд, ки ҳангоми баргузории маъракаҳо ва маросимҳои миллӣ нисбат ба либоси миллӣ арҷ гузоранд, ҳамчун ватандор либоси миллиро гиромӣ доранд. Чунки ҳифзи либоси миллӣ ва гиромӣ доштани он ҷанбаи амниятӣ, фарҳангӣ ва худшиносӣ дорад».
Аз ҷониби аъзои гурӯҳ ҳамзамон нуктаҳои муҳими тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ», «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» тавзеҳ дода шуд. Зикр гардид, ки бар асоси яке аз бандҳои ислоҳшудаи қонуни маориф донишҷӯёне, ки бо мошини шахсӣ ба мактабҳои олӣ меоянд, хориҷ карда мешаванд. Инчунин бар асоси ислоҳи қонунҳои ҷиноӣ низ ронандагоне, ки дар ҳолати мастӣ ва бе шаҳодатномаи ронандагӣ мошинро идора мекунанд, то 15 сол аз ҳаққи ронандагӣ маҳрум мешаванд.
Мавҷуда АНВАРӢ