Зоир Раҳмонзода: «Тағйиру иловаҳо ба қонуни миллӣ — иқдоми ҷиддии таърихӣ ва ислоҳоти амиқи иҷтимоӣ»
ДУШАНБЕ, 13.09.2017. /АМИТ Ховар»/. 12 сентябри соли равон дар заминаи дастури роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Зоир Раҳмонзода, раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳкам Маҳмудзода, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳром Абдуалимов, Лутфия Раҷабова ва раиси ноҳия Низом Ҳакимзода ҷиҳати тарғибу ташвиқ ва фаҳмонидани шарҳи тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур бо аҳли ҷамоат, имомхатибони масҷидҳо ва дигар намояндагони сохторҳои гуногуни дахлдори давлатӣ вохӯрӣ баргузор гардид.
Роҳбари гурӯҳи таблиғотӣ Зоир Раҳмонзода дар хусуси аҳамият ва ҳадафҳои қабули тағйиру иловаҳои қабулшуда ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» изҳори назар карда, онро дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии мардуми Тоҷикистон аз ҷумлаи иқдомоти муҳимтарини Ҳукумати мамлакат арзёбӣ кард.
Маҳкам Маҳмудзода ҷузъиёт ва банду моддаҳоеро, ки ба онҳо тағйиру иловаҳо ворид шудаанд, ба таври мушаххас ба ҳозирин шарҳу тавзеҳ дода, масъулинро дар иҷроии ин қонуни сирф миллӣ масъули асосӣ маънидод кард.
Масъалаи риояи фарҳанги либоспӯшӣ дар тӯю маросимҳои миллӣ, тақлиди кӯр-кӯрона ба фарҳанги бегона, ба зиёдаравӣ роҳ надодани масъулин ҳангоми иҷрои корҳои вазифавӣ барои риояи қонуни зикршуда ва тарғиби унсурҳои дигари фарҳанги миллати тоҷик аз ҷумлаи масъалаҳое буданд, ки Баҳром Абдуалимов ва Лутфия Раҷабова ба онҳо таваҷҷуҳ зоҳир карданд.
Дар охир миёни масъулини гурӯҳи таблиғотӣ ва ҳузурдоштагон табодули афкор сурат гирифт.
Ҳамзамон бегоҳии ин рӯз вохӯрии гурӯҳи таблиғотӣ бо сокинони маҳаллаҳои атрофи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21-и ноҳияи Шоҳмансур баргузор гардид.
Роҳбари гурӯҳи таблиғотӣ — раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Зоир Раҳмонзода қабул ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро иқдоми ҷиддии таърихӣ ва ислоҳоти амиқи иҷтимоӣ номид, ки аҳамият ва натиҷаҳои онро таърихнигорони имрӯзу оянда хоҳанд навишт.
Дар вохӯрӣ волидайни толибилмон оид ба тағйиру иловаҳо ба маросими дафну азодорӣ, тӯйи домодию арӯсӣ, риояи фарҳанги либоспӯшӣ, хатнасур ва дигар масоили марбут ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” маълумоти мушаххас гирифтанд.








Дар ноҳияи Ашт неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Сангвор 854 субъекти соҳибкории инфиродӣ фаъолият менамояд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хуҷанд васеъсозии роҳи хиёбони ба номи Раҳмон Набиев оғоз гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаҳри Роғун 94 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 400 миллион сомонӣ мавриди истифода қарор гирифтанд
Тоҷикистон мизбони Бозиҳои XX Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ мегардад
Дар Душанбе доир ба саҳми шоистаи Абуалӣ ибни Сино дар илми тиб конференсия баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҷараёни сохтмони иншооти соҳаи маорифу тандурустӣ дар шаҳри Ҳисор шинос шуд
Президенти Тоҷикистон: «Аҳолии узбекзабони шаҳри Турсунзода бо муассисаҳои таълимии узбекӣ ва китобҳои дарсӣ таъмин карда шаванд»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ашт осоишгоҳи замонавӣ бунёд карда мешавад
Дар Вена баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Австрия баррасӣ шуд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода дар хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон» бо рафти ҷамъоварии ҳосили ангур шинос шуданд






