Афсонаҳо дар бозгўии Равшан Раҳмонӣ
ДУШАНБЕ, 23.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Маъмулан муҳаққиқон афсонаҳоро бо лаҳҷаи мардум сабт менамоянд ва баъд онро дар шакли илмӣ ва ё оммавӣ чоп мекунанд. То ҳол профессор Равшан Раҳмонӣ якчанд маҷмўи илмии афсонаҳои тоҷикон ва форсизабононро аз Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон ва Ўзбекистон бо гуфтори омиёна сабт намуда, дар шакли китоб чоп кардааст. Аз ҷумла, «Афсонаҳои дарӣ» (Кобул, 1984; Теҳрон 1994), «Шавғот» (Душанбе, 1996), «Шугҳои Бухоро дар сабти Равшан Раҳмонӣ» (М., 1997), «Насри гуфтории тоҷикони Бухоро» (2015) ва ғ.
Инак китоби нави Равшан Раҳмонӣ бо номи «Оинаи ҷаҳоннамо» аз ҷониби нашриёти «Адиб» ба нашр расид, ки ин маҷмўа бозгўи афсонаҳои тоҷикӣ буда, нашри оммавӣ мебошад. Китоб барои хонандагони гуногунсалиқа пешкаш шуда, 29 матнро дар бар мегирад.
Дар тӯли даҳсолаҳои охир ба ғайр аз китоби «Афсонаҳои халқи тоҷик», ки аз соли 1957 то имрўз дар бозгўии академик Р. Амонов аз ҷониби ноширони гуногун борҳо чоп шудааст, маҷмўаи нисбатан нави афсонаҳои тоҷикӣ чоп нашуда буд. Ҳамон афсонаҳои пешин бо иловаҳои Р. Раҳмонӣ низ чанд бор нашр гардид. Афсонаҳои ин маҷмўа то андозае ин холигоҳро пур мекунад. Маълум мешавад, ки ҳоло ҳам дар деҳаҳо мардум гоҳе афсона мегўянду мешунаванд ва фарзандони худро аз ин тариқ тарбият менамоянд.
Тавре устод Равшан Раҳмонӣ мегўяд: «чи хеле ки инсонҳо сафар мекунанд, афсонаҳо низ аз даҳон ба даҳон, аз насл ба насл, аз деҳ ба деҳ, аз ноҳия ба ноҳия, аз кишвар ба кишвар ҳамроҳи одамон мераванд. Ҳангоми сафар афсонаҳо низ дигар мешаванд. Гўяндагони моҳир ба онҳо чизе илова ё чизе кам менамоянд ва ё лавҳаҳои ҷолиберо ба ҳам омехта, афсонаи нав месозанд. Афсонаро мегўянду месозанду мепардозанд».
Тибқи маълумоти пешгуфтори маҷмўа, устод дар тўли 40 сол аз байни мардум афсона гирд овардаанд. Маълум мешавад, ки дар бойгонии он кас афсонаҳои бисёр бо вариантҳояш ба воситаи диктофон ва ҳатто дар навори видео сабт гардидаанд. Ин маҷмўа чанд намунае аст аз он ганҷина. Тавре ки бозгўянда, устод Р.Раҳмонӣ ишорат намудаанд, дар бойгонии ӯ аз ҳар матн чандин вариант аст. Он кас заҳмат кашида, баъзе матнҳоро муттаҳид намудаанд, то хонандагон афсонаи нисбатан комилтарро дар даст дошта бошанд.
Мувофиқи ишорати устод яке аз афсонаҳои машҳур, ки дар байни мардумони дигари олам низ нақл карда мешавад ва то ба имрўз ба забони адабии тоҷикӣ нашр нашудааст, ин афсонаи «Модари ўгай» мебошад. Ин афсона дар байни аврупоиҳо, осиёиҳо ва кишварҳои дигари Шарқу Ғарб машҳур аст. Дар байи русҳо ва дигар миллатҳои аврупоӣ бо номи «Золушка» шуҳрат дорад, ҳатто дар асоси он филмҳои бадеӣ низ таҳия намудаанд. Агарчи ин матн ба забони тоҷикӣ бо лаҳҷа чоп шудааст, вале ба забони адабӣ бори аввал дар китоби «Оинаи ҷаҳоннамо» таҳти унвони «Сағирадухтар» нашр шудааст. Аз сабаби он ки дар ҷомеаи мо имрўзҳо низ модарандару духтарандар ва муноқишаи байни онҳо вуҷуд дорад, афсонаҳои мазкур моҳияти тарбиявии худро гум накардаанд.
Баъзе аз афсонаҳои маҷмўаи «Оинаи ҷаҳоннамо» вариантҳои нави афсонаҳои пешин бошанд ҳам, вале аксари он матнҳои нав аст, ки қаблан бо забони адабӣ барои хонандагони умум пешниҳод нашуда буд. Маҷмўа бо афсонаи «Гурбаи думбурида» оғоз шудааст. Аз мутолиаи ин афсона мо ба чунин хулоса омадем, ки устод Раҳмонӣ дар асоси чандин вариант нусхаи нави онро бозгўӣ намудааст.
Маълум мешавад, ки ҳанўз афсонаҳои «Муши зирак», «Ҳафт бузича», «Мўрча, сангпушт ва рўбоҳ», «Деҳқон, рўбоҳ ва хирс», «Ҳезумкаш ва мор», «Хирс ва шағол», «Фили мағрур», «Оҳуи чамбаршох ва паланг», «Ду бузичаи шўх», «Гурба ва рўбоҳ» ва монанди инро дар деҳаҳо калонсолон барои хурдсолон нақл мекардаанд. Агарчи ин афсонаҳо дар маҷмўаҳои пешин вуҷуд доранд, вале дар ин китоб вариантҳои дигари онҳо ба нашр расидааст.
Аммо афсонаҳои «Оинаи ҷаҳоннамо», «Моҳигир, моҳии тилло ва подшоҳ», «Дар ишқи Меҳрмоҳ», «Гули қаҳқаҳ», «Тақдирро тадбир карда намешавад», «Марда мард мекардагӣ зан», «Оҳанро муш хўрд», «Барои Наврўз», «Золи зард», «Барзуи деҳқон ва Рустами Достон», «Зани заргар» вариантҳои нав ва ё афсонаҳое мебошанд, ки қаблан барои хонандагон пешкаш нашудаанд.
Тавре дар пешгуфтори маҷмўа ишора шудааст, ҳоло дар бойгонии бозгўянда профессор Равшан Раҳмонӣ матнҳои зиёде ҳастанд. Умедворем, ки дар оянда аз ин ганҷи мардумӣ намунаҳои дигари матнҳои афсонаҳои тоҷикӣ пешкаши хонандагон мегарданд.
СИРОҶИДДИН Бобоев,
номзади илмҳои филологӣ