Агентии обуҳавошиносӣ: имрӯз дар кишвар ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст

Октябрь 16, 2017 08:34

ДУШАНБЕ, 16.10.2017. /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар қаламрави мамлакат ҳаво тағйирёбандаи абрнок ва бебориш гашта, дар баъзе ноҳияҳо ҳарорати  ноустувор дар назар дошта шудааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар вилояти Хатлон обуҳавошиносони кишвар ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ менамоянд. Дар водиҳо ҳарорат баланд гардида, рӯзона ба 26-31 дараҷа мерасад. Дар ин минтақа шамол аз самти шарқ дар як сония 4-9 метр мевазад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи ноустувор пешбинӣ мегардад. Дар ғарби вилоят ҳарорат рӯзона 21-26 ва дар шарқи ҳамин вилоят 6-11 дараҷаро ташкил хоҳад дод.

Обуҳавошиносон дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи абриро пешгӯӣ менамоянд. Дар ноҳияҳои вилоят вазиши сахти шамол ба амал омада, суръати он аз самти шарқ ба 4-9 метр дар як сония мерасад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 7-12 ва рӯзона 24-29 дараҷаро ташкил медиҳад.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрӣ гашта, ҳарорат дар водиҳо шабона ба 6-11 ва рӯзона ба 25-30 дараҷа мерасад.

Обуҳавошиносон дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ менамоянд. Шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония вазида, ҳарорати ҳаво шабона 6-8  ва рӯзона 26-28 дараҷа гарм мешавад.

Октябрь 16, 2017 08:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад