АРЗИШҲОИ МАЪНАВӢ ВА ФАРҲАНГИИ ҚОНУНИ ТАНЗИМ. Дар баргузории тӯй на ба моддиёт, балки ба маънавиёт бештар арҷ гузоштан моро ба ҳадаф мерасонад

Октябрь 27, 2017 10:37

ДУШАНБЕ, 27.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар баробари баланд бардоштани  сатҳи зиндагонии сокинони мамлакат, ба ҷодаи маънавият ва фарҳанги воло раҳнамун кардани мардуми кишварро дар назар доранд. Зеро дар меҳвари ин Қонун фарҳанг ва маърифати баланди худшиносиест, ки дар фаҳмишу дарки дурусти масоили иҷтимоӣ нақши бориз дорад. Арҷгузорӣ ба арзишҳои маънавӣ низ яке аз ҳадафҳои ин Қонун буда, он дар усули баргузории маъракаҳо, муносибати мардум ба чорабиниҳои суннатӣ ва муосир инъикос меёбад. Ҷавҳари ин Қонунро адолат ташкил мекунад ва ба қавли Абдураҳмони Ҷомӣ:

Нуктае хуш гуфтааст он дурбин,

Адл дорад мулкро қоим, на дин.

Аслан тӯю маърака, махсусан тӯи арӯсии фарзанд воқеаи нотакрори таърихии  оила ва авлод мебошад, ки то охири умри инсон дар хотири ӯ нақш мебандад. Махсусан дар замони муосир, ки ҳар як воқеаву рӯйдод сабти видеоӣ мегардаду фардо фарзандону наберагон онро тамошо мекунанд, дар сурати пурмазмун будани маърака он боиси ифтихор хоҳад буд. Ба ибораи дигар, баргузории маърака танҳо бо оростани дастурхони пуранво хатм намешавад, балки ҷараёни он, ки аз суҳбату сурудҳои дилнишин бояд иборат бошад, ба он шукӯҳу шаҳомати хоса ато мекунад. Ин аст, ки эътибор додан ба мазмун ва мундариҷаи маърака ба фазилат ва маърифати баланди маъракаоро марбут мебошад. Вақте ба ҷараёни аксар тӯйҳои арӯсии сокинони  шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд назар мекунем, дар  онҳо якрангӣ ва монандӣ мушоҳида менамоем. Суханони обшуставу такрори ровиёни маърака, сурудҳои шӯху мусиқиҳои замонавӣ ва рақсҳои бемазмуни ҷавонону духтарон муҳтавои ин гуна маъракаҳоро ташкил медиҳанд. Дар маъракаҳову тӯйҳои арӯсӣ суҳбатҳои судманди пирони рӯзгор, адибону олимон, гулбазмҳо бо ширкати ҷавонону духтарон, намоши филмҳои кӯтоҳмуддат дар бораи таърихи оила, аз  ҷумла, зиндагии бобову модаркалон ва падару модарро, ки ба тӯй маъниву мазмун эҳдо мекунанд, хеле кам мушоҳида менамоем.

Ё худ ками андар кам мебинем, ки меҳмонон ба арӯсу домод ба ҷои ҳадяҳои пуливу молӣ китобҳои бузургони миллатамонро эҳдо намоянд. Ҳол он ки маҳз ҳамин падидаҳои фарҳангиву маърифатӣ ба тӯй файзу баракат, нуру сафо ва мазмуну мундариҷа эҳдо мекунанд. Чунончи, дар маъракаи яке аз олимони номвари кишвар падари арӯс ба навхонадорон се китоб ҳадя намуда, баробари орзуҳои нек сабаби ин амалашро шарҳ дод, ки ба аҳли нишаст маъқул афтод: «Бо эҳдои китоби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Чеҳраҳои мондагор» гуфтаниам, ки донистани таърихи Ватан ва фарзандони номвари он қарзи шаҳрвандии шумост. Китоби «Насиҳатнома»-и Унсурмаолии Кайковус  шуморо беҳтарин раҳнамо дар роҳи пуршебу фарози зиндагонист. «Девон»-и Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона  ба шумо муҳаббат ато мекунад ва ба ҳаёт дилгарм медорад».

Новый рисунок (1)Ба ибораи дигар, тӯй танҳо аз рақсу бозӣ иборат нест, балки он як саҳифаи рангинтарин, хонотарин ва пурмазмунтарини китоби зиндагӣ бояд бошад, зеро барои ояндагону авлод мерос хоҳад монд. Нашавад, то фардои начандон дур фарзандону наберагон ва аберагони мо, ки бешак, аз мо донотару фозилтар хоҳанд буд, ба бесаводиву каммаърифатии мо тамасхур кунанд. Аз ин рӯ, дар барпо намудани тӯй машварату маслиҳати инсонҳои оқилу рӯзгордида, ашхоси соҳибназару соҳибистеъдод ва соҳибзавқ муҳим мебошад, то маърака хотирмон, пурмазмун ва дар сатҳи баланд баргузор гардад. Ба як маънӣ, дар баргузории тӯй на ба моддиёт, балки  ба маънавиёт бештар арҷ гузоштан моро ба ҳадаф наздиктар хоҳад кард.

Амалӣ шудани қонун дар таҳаввулоти маънавӣ ва тағйирёбии равонии мардум муассир аст. Инсони муосир минбаъд обрӯву эътибори шоистаро дар ҷомеа аз баргузории тӯю маъракаи пурдабдаба ва дастурхони пурнозу неъмат нахоҳад ҷуст. Минбаъд ӯ андеша менамояд, ки сарфу хароҷоти беҳуда барои обрӯву номи дурӯғин арзиш нахоҳад дошт ва мақому манзалати инсонро илму ҳунар, истеъдод, маърифат ва аъмоли нек муқаррар мекунанд. Гузашта аз ин, инсони соҳибназар хушбахтии фарзандонро на дар маъракаҳои силсилавии пурдабдаба, балки дар интихоби дурусти ҳамсар барои фарзанд- ҳам аз назари саломатии ҷисму рӯҳ ва ҳам аз назари ахлоқ хоҳад ҷуст. Махсусан эътибор додан ба муоинаи ҳамаҷонибаи духтур, даст кашидан аз никоҳи хешутаборӣ, омода намудани ҷавонон ба зиндагии мустақилона аз масоили муҳими ҳалталаб маҳсуб мешаванд, ки дар сурати иштибоҳ дар ин ҷода тӯю маъракаи пурдабдаба чизеро тағйир намедиҳанд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар баробари иҷрои рисолати  дастури пурмуҳтаво оид ба гузаронидани маъракаву чорабиниҳои оилавӣ, ҳамзамон барои мардуми одӣ ва миёнаҳол раҳнамо ва ҳомии тавоноест аз  таънаву маломати баъзе афроди ҳангоматалабу забондароз. Зеро иҷрои Қонун барои ҳар як сокини кишвар фарз аст ва саркашӣ ё итоат накардан ба он шаҳрвандро ба ҷавобгарӣ мекашад. Пас таънагар медонад, ки соҳиби маърака аз рӯи қонун амал менамояд ва худи ӯ низ бояд бар он итоат намояд. Ба ибораи дигар, ин қонун ҷомеаро аз таассубу қиёси беақлона раҳоӣ мебахшад.

Тавре зикр шуд, ҳангоми хонадоркунии фарзандон волидайн саргарми тӯю дастурхони пурдабдаба муҳимтарин масъалаҳои марбут ба фардои ҷавононро сарфи назар менамоянд. Чунончи, дар яке аз ноҳияҳои вилояти Суғд ду оила мехоҳанд пайванди хешу таборӣ барқарор намоянд. Дар асоси хостгорӣ ва ошноии арӯсу домод тасмим мегиранд тӯй барпо шавад. Қабл аз ақди никоҳу гузаштан аз муоинаи табибон, сарфи назар аз танзим маъракаи «тӯйбарон» баргузор менамоянд ва эълом медоранд, ки фалон рӯз тӯй баргузор мешавад. Баъдан ҳини аз муоина гузаштани арӯсу домод муайян мешавад, ки ҷавон гирифтори бемории сирояткунанда асту бо ӯ хонадор шудан хатар дорад. Орзуҳо ва нақшаҳои тӯй дар як он ба боди фано мераванд. Магар муоинаи табибон ва огоҳ шудан аз саломатии ҳамсафари якумрии фарзанд аз тӯйбарону маъракаҳои зиёдатӣ муқаддамтар нест? Ё як нафар зан, ки инак фарзанди шашумашро аз сабаби беморӣ аз даст медиҳад, волидайнашро айбдор мекунад, ки ба хотири ба дӯстдоштааш надодан ӯро зӯран бо писари холааш хонадор карданд.

Новый рисунок (2)Ӯ инак  бори шашум аст, ки доғи фарзанд мебинаду давоми солҳои зиёди ҳамхонагӣ як рӯзи шодиро надидааст. Магар пеш аз тӯй  соате аз фардои фарзандон андеша кардан, маслиҳати оқилонро гирифтан аз ғами дастурхони зебо ва даъват кардани сарояндаи номдор беҳтар нест?

Аз ин рӯ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» моро водор менамояд, ки аз ҷаҳони танги фаҳмиши арзишҳои зиндагӣ фаротар равем ва ба маънии  хушбахтии воқеӣ бирасем. Имрӯз тадриҷан ҷомеа дарк менамояд, ки тӯй ва маърака воситаи гирифтани обрӯву эътибори оилаву авлод набуда, балки оғози як марҳалаи муҳими зиндагист, ки дар дунболи он зиндагии тӯлонии ду нафар меистад. Хушбахтии онҳо муҳимтар ва муқаддамтар аз ҳар чизи дигар аст. Ва ин аст, ки яке аз муҳимтарин рисолати Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» раҳнамун сохтани мардум ба ҷодаи маърифати ҳақиқати  зиндагист.

 

Саидумрон САИДОВ,

номзади илмҳои филология,

устоди ДДХ ба номи Бобоҷон Ғафуров

Октябрь 27, 2017 10:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Чаро маъракаҳои ҳоҷиталбон ҳолати худнамоишдиҳӣ гирифтаанд?
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои қонуншиканӣ вобаста ба вайрон намудани қонуни танзими анъана зиёд шудаанд
16 СОЛИ ПУР АЗ МАНФИАТ. Танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муҳимияти он дар зиндагии сокинон
ТАНЗИМИ МАЪРАКАҲО — ОМИЛИ ЗИНДАГИИ БОСАОДАТ. Таҳти ин унвон дар шаҳри Левакант бо сокинон мулоқот доир гардид
Дар Суғд доир ба шарҳи қонунҳои миллӣ корҳои таблиғотӣ ва силсиламулоқот гузаронида шуданд
Дар Вазорати молия ҷиҳати татбиқи қонуни танзим ҷаласа доир шуд
Барои риоя накардани Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 358 парванда аз ҷониби судҳо баррасӣ гардид
Ҷаримаҳо барои риоя накардани талаботи қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим зиёд карда шуданд
Суди ноҳияи Файзобод Шобидин Табаровро барои риоя накардани қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ҷарима намуд
Дар 20 рӯз 9 ҳолати вайрон намудани муқаррароти қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим ба қайд гирифта шуд