АЗ ГӮШ БА ГӮШ, АЗ ЗАБОН БА ЗАБОН… 10 октябр — Рӯзи фалак

Октябрь 10, 2017 15:18

ДУШАНБЕ, 10.10.2017. /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола дар саросари ҷумҳурӣ 10 октябр ҳамчун Рӯзи Фалак ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯз дар тамоми гӯшаю канори кишвар як зумра барномаҳо бо ширкати фалаксароён аз минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ баргузор мегарданд. 

Бояд гуфт, ки 20 июли соли 1989 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб таҳти сарварии  Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Давлатманд Холов ансамбли «Фалак» таъсис ёфт. 16 ноябри соли 2001 бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ансамбли «Фалак» мақоми давлатӣ дода шуд, ки ҳоло дар назди Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад.

Аз соли 2007  инҷониб ҳар сол 10 октябр ҳамчун Рӯзи Фалак ҷашн гирифта мешавад.

Яке аз паҳлӯҳои муҳими сиёсати давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон рушду нумуи фарҳанги миллӣ ва шинос намудани ҷаҳониён бо дастовардҳои санъати тоҷик мебошад. Ҳар як халқ дар давраҳои муайяни таърихӣ бо дастовардҳои фарҳангии хеш ба тамаддуни умумибашарӣ саҳмгузорӣ намудааст. Халқи тоҷик низ дар ин ҷода нақши сазовор дорад.

Фалак ҷузъи қавии фарҳанги тоҷикон буда, чун жанри мусиқии суннатӣ аз замонҳои хеле куҳан вуҷуд дошт ва бо мурури замон такомул ёфта, хусусиятҳои тоза касб намудааст. Мо ба он ҳамчун ба жанр назар андӯхта, аз рӯи мазмуни абёти фалакӣ ва мусиқии дилангези он маънои сарнавишти умрро дарк менамоем.

Танҳо хусусиятҳои шеваҳои иҷроии маҳалҳои гуногун дар матни сурудҳои фалак зиёд ба назар мерасанд ва матнҳои сурудҳо вобаста ба хусусиятҳои фонетикии тарзи гӯиши гуногун таркиб ёфтаанд. Дар Шашмақом матни сурудаҳо дар қолаби забони адабии китобӣ ифода шудаанд.

Таърихи фалак хеле куҳан буда, пайдоиши онро ба қарнҳои IX-X мансуб медонанд.

Новый рисунокБа ақидаи профессор, устоди Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхуҷа Сатторов Қурбони Қурбониён, фалак аз даврони китоби «Авасто», аз замони Борбади Марвазӣ вуҷуд дошт ва аз ҳафт парда иборат буд.

«Фалак низоми муайяни худро дорад, ки аз шохаҳои гуногун иборат аст. Фалак дар китоби Борбади Марвазӣ бо номи  «Ҳафт парда» дарҷ гашта буд, аз ин лиҳоз фалакро яке аз мусиқиҳои устодона гӯем ҳам, хато намекунем. Тавассути фалак мардум розу ниёзи худро ифода мекарданд»,-гуфт Қурбони Қурбониён

Бояд зикр кард, ки фалак дар Афғонистон бо номҳои чорбайтӣ, сангардӣ, кӯчабоғӣ, шамолӣ ва шимолӣ маълуму маъруф мебошад. Дар Эрон фалак бо номҳои «фарёд», «фироқӣ», «чорпорӣ», «каллафарёд» машҳур аст.

Аз ин тақсимоти фалак аз рӯи моҳият ва мавқеи иҷро маълум мешавад, ки агар фалак дар Эрон аз рӯи моҳияти аслӣ, хусусиятҳои фардӣ ва маҳаллу тарзи иҷро ба навъҳо ҷудо шаванд, пас фалаки Тоҷикистон танҳо аз рӯи маҳали иҷро табақабандӣ шудааст.

Композитори зиндаёд Талабхуҷа Сатторов решаҳои фалак ва пайдоиши онро аз анъанаҳои аҷдодии қадимии мо, аз замони Зардушт мегуфт ва ватани онро Осиёи Миёна медонист. Т. Сатторов наътро ҳам яке аз равияҳои фалак номида, тарзҳои иҷрои онро дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои форсизабон ҳамчун як намуди ташаккулёфтаи ин жанри суннатӣ меҳисобид. Ба андешаи ӯ, дар байни фалак ва яке аз суннатҳои тасаввуф — самоъ умумият мавҷуд аст.

Ба андешаи муҳаққиқ, ба оҳанги фалак на танҳо рубоиёти халқӣ, инчунин матнҳо аз ғазалу рубоиҳои шоирони классикӣ ворид гаштаанд, ки мазмуни баланд доранд.

Профессор, устоди Консерваторияи миллии Тоҷикистон Қурбони Қурбониён дар китоби худ «Фалак ва системаи лаҳнии он» роҷеъ ба номгузории пардаҳои фалак маълумот дода, оид ба нақши дутор, думбра ва зинабандии он дар рушди анъаноти иҷрои фалак ва низоми лаҳнӣ ибрози ақида намудааст.

Ба андешаи ин муҳаққиқ, соли 1972  аввалин бор оҳангсози тоҷик Фаттоҳ Одина фалакро бо ҳамовозии думбра ва Оркестри асбобҳои миллӣ ба нота даровард.

Аввалин мақолаҳои илмӣ оид ба  фалак соли 1992  дар шакли китоби алоҳида ба нашр расиданд, ки дар онҳо фалак ҳамчун жанри алоҳида нишон дода шуд.

Тавре Қурбони Қурбониён иброз дошт, ба муносибати таҷлили 10-солагии Рӯзи Фалак ӯ китоби наверо бо номи «Фалакӣ» таҳия намудааст, ки мақолаву маводи устодону муҳаққиқони зиёдеро доир ба ин навъи мусиқӣ дар бар мегирад. Китоби мазкур барои донишҷӯёни ин соҳа хеле муфид буда, дар он фалак ба нотаҳо дароварда шудааст.

Китоби мазкур омодаи нашр буда, ба  наздикӣ пешкаши  ҳаводорони ин намуди санъат мегардад.

Ҳамасола дар ҷумҳурӣ чандин нишастҳои илмиву амалӣ, симпозиуму конфронсҳои байналмилалӣ, силсилаи барномаҳои консертӣ дар дохил ва хориҷи кишвар, омӯзиш ва пажӯҳиши ин жанр дар бахши махсус баргузор мегарданд, ки дар таҳким ва рушди фалак нақши бориз доранд.

Рӯзи Фалакро ба дӯстдорони санъати воло муборак мегӯем!

Зарангези ЛАТИФ

Октябрь 10, 2017 15:18

Хабарҳои дигари ин бахш

«БОЗ ДАР ГӮШАМ РАСАД САВТУ НАВОИ ШАШМАҚОМ». Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи шашмақом таҷлил мегардад
«ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА». Бахшида ба Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон барнома доир мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъати тоза пайдо намудааст
РӮЗИ ШАШМАҚОМ. Ба ифтихори ин шоҳасари мусиқӣ консерти бошукуҳ баргузор мегардад
««ШОҲНОМА»- МАКТАБИ ХУДШИНОСӢ ВА ПАРЧАМИ ИФТИХОРИ МИЛЛӢ. Андешаҳо оид ба таъсири «Шоҳнома» ба эҷодиёти Лоиқ Шералӣ
Фарҳангиёни Тоҷикистон бояд дар зеҳни ҷавонон тафаккури солими миллиро инкишоф дода, Ваҳдати миллиро таҳким бахшанд
«ДУРНАМОИ РУШДИ МУСИҚИИ СУННАТИИ ХАЛҚҲОИ ШАРҚИ НАЗДИК ВА МИЁНА ДАР ШАРОИТИ ҶАҲОНИШАВӢ». Таҳти чунин унвон фестивал-симпозиум доир гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб доир ба пос доштани либоси миллӣ ҳамоиш доир гардид
Дар Саразм бостоншиносони тоҷик ва фаронсавӣ интизори кашфиёти нав ҳастанд
Дар Душанбе Фестивал — симпозиуми байналмилалии «Шашмақом» баргузор мегардад
Ҳошим Гадо бо эҷоди асарҳои баландмазмун дар саҳнаҳои театр ва кино ҳамчун ҳунарманди камназиру нотакрор муаррифӣ гардидааст
«ВОРИСОНИ ШАШМАҚОМ». Бахшида ба Рӯзи шашмақом китоби нав нашр гардид