«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб доир ба пос доштани либоси миллӣ ҳамоиш доир гардид

Май 11, 2024 11:33

ДУШАНБЕ, 11.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» омӯзгорзанону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ низ бо руҳияи баланди ватандӯстӣ ва ифтихор аз фарҳангу тамаддуни оламшумули хеш либоси атласу адрас ва чакан ба бар намуда, дар  ин иқдом фаъолона иштирок намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб хабар медиҳад.

Бояд гуфт, ки либоси миллӣ яке аз рукнҳои фарҳанги миллат ба шумор рафта, ёдгоре аз гузаштагон аст. Таърих гувоҳ аст, ки зан -модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори ойину анъанаҳои муқаддаси миллат будааст. Инчунин яке аз нишонаҳои асосии фарҳангу тамаддуни миллатҳои мухталифи дунё либоси миллии онҳо аст.

Ба хотири ҳифз ва нигоҳдошти фарҳанги аҷдодӣ ва тарғиби либоси миллӣ имрӯзҳо дар саросари ҷумҳурӣ иқдоми «Тоҷикона мепӯшем» баргузор мегардад.

Ин анъана дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бо мақсади арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллӣ, дар руҳияи эҳсоси ватандӯстиву худшиносии миллӣ тарбия намудани донишҷӯён, инчунин баланд бардоштани ҳисси зебоипарастии занону духтарон ва тарғиби либосҳои миллӣ, дурӣ аз фарҳанги бегона баҳри муаррифии либоси атлас, адрас, чакан, алоча ва дигар либосҳои миллӣ баргузор шуд.

Дар ин рӯз омӯзгоронзанон ва донишҷӯдухтарони донишгоҳ бо либосҳои миллӣ дар саҳни донишгоҳ ба сайру гашт баромада, либосҳои миллии тоҷиконаро муаррифӣ намуданд.

Либоси миллӣ чун рукне аз фарҳанги миллӣ ва ёдгор аз гузаштагон дар тамоми марҳилаҳо муaрриф вa бaёнгaри фaрҳaнги миллии хaлқи тоҷик мaҳсуб шудa, бо шaрофaти сиёсaти хирaдмaндонa, тaбъу зaвқи бaлaнд, ояндaнигaрии пояндa вa меҳaнпaрaстии беҳaмтои Пешвои маҳбуби миллaт, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтaрaм Эмомaлӣ Рaҳмон дaр aрсaи ҷaҳонӣ ба таври шоиста муaррифӣ мегaрдад.

АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Май 11, 2024 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд