РӮЗИ ШАШМАҚОМ. Ба ифтихори ин шоҳасари мусиқӣ консерти бошукуҳ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 12.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 12 май ба ифтихори Рӯзи шашмақом дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ бо иштироки ҳунармандони давлатҳои Тоҷикистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Туркманистон, Узбекистон ва Эрон галаконсерт баргузор мегардад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон.
Бояд гуфт, ки шашмақом чун ҷузъи асосии мероси фарҳангии мусиқии халқи тоҷик дар қатори жанрҳои анъанавии роғ, фалак, даргилик дар фарҳанги мусиқии имрӯзаи Тоҷикистон мавқеи баланд дошта, ҳамчун мусиқии суннатии ниёгони мардуми тоҷик ишқу ирфон, ормонҳо ва умеди миллатро дар созу сурудаҳо таҷассум менамояд.
Ин мусиқиро дар Тоҷикистон шашмақом, дар Озарбойҷон муған, дар Узбекистон мақом, дар Эрон дастгоҳ ва уйғурҳо муға ном мебаранд. Жанри мусиқии шашмақом дар Узбекистон ҳам мисли Тоҷикистон бо забонҳои тоҷикӣ ва узбекӣ иҷро карда мешавад. Дар Ҳиндустон жанре бо номи рага аст, ки он ба мусиқии классикии шашмақом ва фалак монанд буда, мусиқии халқии онҳо ба шумор меравад. Аз ин рӯ шашмақомро шоҳкории фарҳанги мусиқии ҷаҳонӣ низ мегӯянд.
Бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Узбекистон ин шоҳкории ниёгон ба феҳристи Юнеско пешниҳод гардид. 7 ноябри соли 2003 бахши фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид — ЮНЕСКО Шашмақомро шоҳкории бузурги мусиқии ҷаҳонӣ ва ёдгори маънавии инсоният эълон намуд.
АКС аз манбаъҳои боз








Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад






