Азим Иброҳим раисони ноҳияҳои Мурғоб ва Шуғнонро даъват кард, ки фаъолияти корхонаҳои дӯзандагиро босамартар гардонанд
ДУШАНБЕ, 03.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хоруғ дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ зери роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ҷаласаи Ситоди ҷумҳурияӣ оид ба омодагии хоҷагии халқи вилоят ба давраи зимистони солҳои 2017-2018 ва андешидани тадбирҳои зарурӣ барои рушди соҳаҳои саноат, аз ҷумла дӯзандагӣ ва хӯрокворӣ баргузор гардид.
Зикр карда шуд, ки бо назардошти он ки маблағҳо барои соҳаҳои иҷтимоии кишвар асосан дар моҳи сентябри соли равон ҷудо гардиданд, сохторҳои мутасаддӣ тавонистанд дар як муҳлати кӯтоҳ таъмини ангишт ва ҳезумро барои соҳаи маориф 84 ва 87%, барои соҳаи тандурустӣ 68 ва 71% ва барои соҳаи фарҳанг 85 ва 84% иҷро намоянд.
Талаботи идораи хоҷагии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ВМКБ ба маводи зиддилағжиш, ангиштсанг ва ҳезум пурра иҷро гардида бошад ҳам, аммо таъминоти маводи сӯзишворӣ ҳамагӣ 21% буда, хеле кам аст.
Муовини Сарвазир аз номутобиқатии нишондиҳандаҳои ситодҳои вилоятиву ноҳиявӣ интиқод намуда, иброз дошт, ки агар ин номутобиқатӣ аз як тараф далели номуташаккилона фаъолият кардани Ситоди вилоятӣ бошад, аз тарафи дигар, аз бемасъулиятии аъзои ситодҳо дарак медиҳад.
Дар робита ба омодагии соҳаҳои кишоварзӣ Раиси ВМКБ иттилоъ дод, ки чорводорӣ дар Бадахшон ба самти афзалиятноки ин соҳа табдил ёфта, дар ҳоли афзоиш қарор дорад. Имрӯз саршумори ҳайвони калони шохдор 117 ҳазор ва моли майда 437 ҳазорро ташкил мекунад. Мутаассифона, дар ин самт масъалаи таъмини захираи хӯроки ширадор ва дурушт ба дастгирӣ ниёз дорад. Бо назардошти асосан дар минтақаи Мурғоб ҷойгир будани саршумори асосии чорвои калону хурд ба раиси ноҳияи Мурғоб супориш дода шуд, ки масъалаи хӯроки дуруштро то муҳлати 15 октябри соли равон ҳал намояд.
Дар давоми 8 моҳи соли равон рушди саноати вилоят 138% таъмин гардид ва ин бештар бо нишондиҳандаҳои саноатии ноҳияи Дарвоз алоқамандӣ дорад. Зеро ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба соли гузашта 14 млн сомонӣ зиёд гардида, ба 30 миллион сомонӣ баробар шуд, ки ин 27,5%-ро дар таркиби саноати вилоят ташкил медиҳад.
Муовини Сарвазир аз раисони ноҳияҳои Мурғоб ва Шуғнон даъват ба амал овард, ки фаъолияти корхонаҳои дӯзандагиро босамартар гардонанд ва ба раиси ноҳияи Ишкошим ҷиҳати нодуруст пешниҳод гардидани омори корхона ва коргоҳҳои дӯзандагии ноҳия эроди ҷиддӣ гирифта шуд.
Муовини Сарвазир махсус таъкид намуд, ки таъмини сохторҳои низомӣ бо маводи зарурӣ фаротар аз масъалаҳои зимистонгузаронӣ буда, сари вақт бояд иҷро гардад ва масъулин уҳдадор мебошанд, ки барои ҳалли онҳо аз ҳамаи имкониятҳо самаранок истифода намоянд. Ҳатто дар ҳолати ҷой доштани камбудиҳо низ ягон сохтори хизматрасон, алалхусус КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” ва ширкати “Помир-энерҷӣ” ҳуқуқи дар фасли тирамоҳу зимистон берун аз доираи хизматрасонӣ гузоштани қисмҳои ҳарбию низомиро надоранд.








Дар Соли нав дар алоқа буданд: чӣ тавр муштариён шаби идро гузарониданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
ЧАРО ТОҶИКИСТОН БА МАСЪАЛАИ ОБ ВА ПИРЯХҲО ТАВАҶҶУҲИ МАХСУС МЕДИҲАД? Пиряхҳои ҷумҳурии мо манбаи ҳаёт барои тамоми Осиёи Марказӣ мебошанд
Кишоварзони шаҳри Ҳисор дар 3 ҳазору 772 гектар замини обӣ шудгор гузарониданд
То 10 январ дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон меборад
Дар Тоҷикистон беш аз 200 корхона ва ҷамъияти нақлиётӣ фаъолият менамояд
Дар шаҳри Гулистон корхонаи таъмири трансформаторҳо ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






