Баррасии ҳалли масъалаҳои молиявӣ ҷиҳати сармоягузорӣ ба воридоти технологияҳои «сабз»
ДУШАНБЕ, 27.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ҳалли масъалаҳои молиявӣ барои ширкатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сармоягузориҳоро дар соҳаи технологияи муосир ба нақша мегиранд, имрӯз дар Душанбе зимни баргузории нишаст бо иштироки намояндагони бонкҳои кишвар, соҳибкорони тоҷик ва коршиносони Бонки аврупоии таҷдид ва рушд /БАТР/ баррасӣ гардид. Нишасти мазкур бо ибтикори Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо коршиносони БАТР дар доираи татбиқи барномаи мусоидат ба рушди тиҷорат, ки ба ҳалли масоили молиявии марбут ба таъмини воридоти технологияҳои «сабз» ба Тоҷикистон нигаронида шудааст, созмон дода шуд.
Одил Сангов, муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки дар шароити рушди «иқтисоди сабз» ҳалли масъалаҳои молиявӣ вобаста ба таъмини воридоти таҷҳизот ва технологияҳои муосир ба кишвар яке аз масъалаҳои афзалиятнок маҳсуб ёфта, он ба пешрафт ва рушди соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти кишварамон мусоидат менамояд.
Дар нишаст намояндагон ва коршиносони БАТР доир ба ҳадафҳои «Green TPF», ки яке аз ташаббусҳои маркетингии барномаи мусоидат ба рушди тиҷорати БАТР мебошад ва тавассути бонкҳои маҳаллӣ татбиқ мегардад, гузориш доданд. Зикр шуд, ки «Green TPF» бо мақсади рушди савдои байналмилалӣ дар бахши технологияҳои «сабз» ва хизматрасонӣ роҳандозӣ гардидааст. Таъкид шуд, ки БАТР зимни ҳамкорӣ бо бонкҳои Тоҷикистон ҷиҳати мусоидат ба рушди савдои байналмилалӣ бо назардошти пешниҳоди як қатор барномаҳои молиявӣ дар самти воридоти технологияҳои «сабз» мусоидат хоҳад кард.
Мавриди зикр аст, ки соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти Тоҷикистон, хусусан бахшҳои кишоварзӣ, саноат, сохтмон, энергетика, нақлиёт ва логистика, ки аз соҳаҳои афзалиятнок маҳсуб меёбанд, дар шароити рушди иқтисодиёти «сабз» ба технология ва таҷҳизоти муосир бештар ниёз доранд. Таъмини соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти кишвар бо таҷҳизоту технологияҳои ҳозиразамон яке аз омилҳои асосии рушд ва пешрафти иқтисодиёти миллист. Дар ин росто ҳамкории БАТР бо бархе аз бонкҳои маҳаллии Тоҷикистон барои ҳалли масъалаҳои молиявӣ дар самти сармоягузорӣ ҷиҳати дастрас ва ворид намудани технологияҳои «сабз» ва дигар хизматрасониҳо қадами назаррас аст. Иштирокдорони нишаст доир ба ҳалли масъалаҳои молиявӣ дар самти сармоягузорӣ ба воридоти технологияҳои муосир ибрози назар карда, таклифҳои судманд пешниҳод карданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд
ТАҶАЛЛИБАХШИ НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди арҷгузорӣ ба Зан-Модар






