Баррасии лоиҳаи Қонун «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз сӯи аъзои Шӯрои Парлумон
ДУШАНБЕ,16.10.2017/АМИТ «Ховар»/. Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров доир гардид, баррасӣ шуд.
Абдураҳим Холиқзода, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ зикр намуд, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки дар вохӯрӣ бо масъулону фаъолони шаҳри Душанбе моҳи феврали соли равон баён дошта буданд, таҳия гардидааст.
Зикр шуд, ки лоиҳаи қонуни мазкур мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусиятҳои идоракунӣ ва асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии фаъолияти онро муқаррар менамояд.
Аъзои Шӯро ҳамзамон лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он», «Дар бораи ҳифзи навъҳои растанӣ», «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он», инчунин ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳоро баррасӣ намуда, пешниҳодҳои судманд баён доштанд.








Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунёгузел Гулманова вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Пешниҳодҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори ИДМ дастгирӣ ёфтанд
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Дар доираи Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ташаббуси Парлумони Тоҷикистон оид ба таҳияи ду қонуни намунавӣ тасдиқ шуд
Оид ба эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи навбатӣ ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд






