Дар Академияи ВКД ҶТ оид ба роҳҳои татбиқи меъёрҳои қонуни танзим ҳамоиш баргузор шуд

Октябрь 20, 2017 12:04

ДУШАНБЕ, 20.10.2017. /АМИТ «Ховар»/. 12, 14 ва 17 октябри соли равон аз ҷониби кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети №2 Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кумаки молиявии Анҷумани ҳуқуқшиносони амрикоӣ (АБА РОЛИ) дар мавзӯи «Роҳҳои баамалбарории меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамоиш баргузор гардид.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, дар форум курсантони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон, Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи тарбияи ҷисмонии ба номи С. Раҳимов иштирок намуданд.

Конуни танзиДар давоми се рӯзи баргузории форум курсантону донишҷуён оид ба масъалаҳои қонунгузорӣ ва такмили он андешаҳояшонро баён намуда, ба хулоса омаданд, ки ин қонун бо тақозои таъмини рушди ҷомеаи имрӯза ва назардошти шароити зиндагии мардуми Тоҷикистон қабул шудааст.

Зикр шуд, ки барои он ки рушди ҷомеа ба маҷрои дуруст ворид шавад, мардум аз душворию монеаҳои сунъӣ ва анъанавӣ озод шаванд, давлат чораҳои зарурии ҳуқуқӣ пешбинӣ намуд. Дар ҳолатҳое, ки урфу одат ва анъанаҳои миллию динӣ дар доираи манфиатҳои гурӯҳҳои муайян ба манфиатҳои умумимиллӣ ва умумидавлатӣ мухолиф баромада, садди роҳи инкишофи ҷамъият ва давлат мегарданд, давлат на танҳо ҳуқуқ дорад, балки уҳдадор аст, ки онҳоро мавриди танзим қарор диҳад, ба манфиати миллату халқ мувофиқ намояд ва барои озодона изҳор намудани фикру ақидаҳои хеш ба шаҳрвандон мусоидат намояд.

Иштирокчиёни форум бо мақсади такмили қонунгузорӣ таклифҳои судманд пешниҳод намуданд.

 

Октябрь 20, 2017 12:04

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Чаро маъракаҳои ҳоҷиталбон ҳолати худнамоишдиҳӣ гирифтаанд?
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои қонуншиканӣ вобаста ба вайрон намудани қонуни танзими анъана зиёд шудаанд
16 СОЛИ ПУР АЗ МАНФИАТ. Танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муҳимияти он дар зиндагии сокинон
ТАНЗИМИ МАЪРАКАҲО — ОМИЛИ ЗИНДАГИИ БОСАОДАТ. Таҳти ин унвон дар шаҳри Левакант бо сокинон мулоқот доир гардид
Дар Суғд доир ба шарҳи қонунҳои миллӣ корҳои таблиғотӣ ва силсиламулоқот гузаронида шуданд
Дар Вазорати молия ҷиҳати татбиқи қонуни танзим ҷаласа доир шуд
Барои риоя накардани Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 358 парванда аз ҷониби судҳо баррасӣ гардид
Ҷаримаҳо барои риоя накардани талаботи қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим зиёд карда шуданд
Суди ноҳияи Файзобод Шобидин Табаровро барои риоя накардани қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ҷарима намуд
Дар 20 рӯз 9 ҳолати вайрон намудани муқаррароти қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим ба қайд гирифта шуд
Ба сокини шаҳри Турсунзода барои риоя накардани Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Точикистон» ҷарима таъйин гардид
Суди ноҳияи Файзобод: Суннат Гулов барои риоя накардани қонун ба маблағи 2750 сомонӣ ҷарима месупорад