Дар Ҳамадонӣ аз хурҷини асп миқдори зиёди ҳашиш дарёфт гардид
ДУШАНБЕ, 26.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар натиҷаи гузаронидани амалиёт аз гардиши ғайриқонунӣ зиёда аз 25 кг маводи нашъаовар ҷилавгирӣ намуданд.
Ба иттилои ин ниҳод, кормандони Агентӣ хабари фаврӣ дастрас намуданд, ки сокини 49-солаи ноҳияи Мирсаид Алии Ҳамадонӣ, ҷамоати деҳоти Панҷрӯд, деҳаи Сафедоб ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар даст дорад. Дар натиҷаи гузаронидани чорабинии фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди деҳаи Чордараи поёни ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ ин мард, ки савораи асп буд, дастгир карда шуд. Дар рафти азназаргузаронии хурҷини асп аз дохили он 2 халта бо 25 баста дарёфт гардид.
«Ташхиси экспертиза нишон дод, ки маводи мусодирагардида навъи ҳашиш буда, вазни умумии он 25 кг 95 граммро ташкил медиҳад»,-илова намуд манбаъ.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд
ТАҶАЛЛИБАХШИ НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди арҷгузорӣ ба Зан-Модар






