Дар Душанбе доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Покистон ҷамъ меоянд
ДУШАНБЕ, 23.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Покистон беш аз пеш густариш меёбад. Далели ин баргузории ҳамоиши доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Покистон дар Душанбе дар охири моҳи октябр мебошад. Интизор меравад, ки дар ҳамоиш намояндагони ширкату корхонаҳои тавлидотии Тоҷикистону Покистон, ки дар бахшҳои энергетика, сохтмон, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва фарматсевтика фаъолият доранд, ширкат намоянд.
Аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҳадаф аз баргузории ҳамоиши доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Покистон дар Душанбе тақвияти ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ миёни Тоҷикистону Покистон, ҷалби сармоя, пайо намудани шарикони ҳамкор ва таъсиси корхонаҳои муштараки тавлидотӣ мебошад.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






