Дар Иттифоқи нависандагон аз муаллифи «Садои пои вожаҳо» ёд мекунанд
ДУШАНБЕ, 10.10.2017. /АМИТ «Ховар»/. 12 октябр, соати 17:00 дар бинои Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили ёдбуди шоири шодравон Искандари Хатлонӣ баргузор мегардад.
Дар маҳфил адибон, пайвандон, ёру рафиқон, ҳамсабақон, ҳампешагон ва ҳаводорони шеъри ин шоири ширинкалом ҷамъ меоянд. Дар назар аст, ки дар маҳфил адибон Абдулҳамид Самад, Сафар Аюбзода, Муҳаммад Ғоиб, Гулназар, Гулрухсор ва дигарон аз ҳаёт ва фаолияти ў маълумот дода, хотираҳои худро баён кунанд. Ҳамчунин ҳунармандон аз эҷодиёти ў сурудҳо мехонанд.
Искандари Хатлонӣ ё Искандар Идиев 12 октябри соли 1954 дар шаҳри Кӯлоб дар хонаводаи омӯзгор ба дунё омадааст. Меҳру муҳаббат ба фарҳангу адаб ва шеъру шоирӣ ӯро ба Донишкадаи адабиёти ҷаҳонии ба номи Максим Горкийи шаҳри Москва бурд. Ҳамзамон баробари донишҷӯӣ вай барои бахши бурунмарзии радиои «Ин ҷо Москва» хабарнигорӣ мекард.
Ӯ на танҳо донандаи забони модарии хеш, балки яке аз беҳтарин мутарҷимони забони русӣ ба дарӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ буд.
Дар оғози соли 1990 Искандар нахустин нашрияи озоди тоҷикӣ- «Мужда»-ро таъсис дод, ки ба хатти тоҷикӣ ва форсӣ нашр мешуд. Ӯ бисёр ифтихор мекард, ки пуле миёни форсизабонони ҷаҳон устувор кардааст.
Ӯ соли 2000 — ум дар синни 46 аз олам даргузашт.
Аз Искандари Хатлонӣ чанд маҷмӯаи шеърӣ- «Парвоз» (1981), «Шукуфа» (1986), «Садои пои вожаҳо» (1988) ва «Кушоиш» боқӣ мондаанд. Пас аз маргаш бародараш Алишер Идизода маҷмӯаи наверо, ки ҳама ашъори ӯро аз овони мактабхонӣ то лаҳзаи марг дар бар мегирифт, таҳия намуд.








Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






