Дар Конибодом Маркази барқарорсозӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуд кушода шуд
ДУШАНБЕ, 19.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 25-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом, Ташкилоти ҷамъиятии «Имдоди Ғайрат» ва бо кумаки Сафорати Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом маркази будубоши рӯзона барои кӯдакони дорои имконияти маҳдуд мавриди истифода қарор дода шуд.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом хабар доданд, марказ аз толорҳои бозӣ, мусиқӣ, китобхона, ошхона, ҳуҷраҳои дамгирӣ, ҳунаромӯзӣ, санитарӣ, равоншинос, асабшинос, логопед, тренинг ва маъмурият иборат мебошад. Дар сохтмони бино аз ҷониби Сафорати Япония 81 ҳазор доллари амрикоӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом дар ҳаҷми 130 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ шудааст.
Бояд гуфт, ки чунин ҳамкории судманд бо Сафорати Япония бори аввал набуда, ду сол қабл маҳз бо кумаки бевоситаи онҳо шуъбаи таваллуди Беморхонаи марказии шаҳри Конибодом таъмиру таҷдид гардида, илова бар ин бо таҷҳизоти зарурии тиббӣ таъмин шуд.
Маркази инкишоф ва барқарорсозии кӯдакони дорои имконияти маҳдуд имкон медиҳад, ки минбаъд чунин кӯдакон миёни ҳамтоёни хеш дар муҳити созгор худро боз ҳам хушбахттар эҳсос намуда, новобаста аз имкониятҳои хеш чун инсонҳои асил ба воя расанд.









Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






