ДАР ТОҶИКИСТОН ШИКОРИ БАБРИ БАРФӢ ҚАТЪИЯН МАНЪ АСТ! 4 октябр – Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи ҳайвонот

Октябрь 4, 2017 13:12

ДУШАНБЕ, 04.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 13 ҳазор намуди   ҳайвонот  вуҷуд доранд, ки  аз он 222 намудаш ҳайвоноти нодир  ва зери  таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта буда,  ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии  Тоҷикистон дохил карда шудаанд.  Ин матлабро зимни суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар Хуршед Раҳматов,   мутахассиси пешбари Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи байналмилалии ҳифзи ҳайвонҳо,  ки ҳамасола 4 октябр таҷлил мегардад, баён  дошт. Таҷлили Рӯзи  байналмилалии ҳайвонҳо (World Animal Day) соли 1931 аз кунгураи байналмилалии ҷонибдорони ҳаракати ҳифзи   табиат, ки дар шаҳри Флорентсияи Италия баргузор гардида буд, сарчашма мегирад.

Хуршед РахматовМутахассиси пешбари Кумитаи ҳифзи муҳити  зисти назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуд, ки ба 222 намуди ҳайвонҳои  нодир ва зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта 14 намуди   оилаи моҳиҳо, ба мисли хормоҳӣ,  белбинии калони амударёӣ, гулмоҳии амударёӣ, инчунин  31 намуд аз оилаи хазандаҳо, аз ҷумла   кӯрмор, мори печони шарқӣ,  куброи осиёимиёнагӣ,  гурзаи осиёимиёнагӣ, мори афъии регзор  ва ҳамзамон  43 намуд аз оилаи паррандаҳо, аз қабили лаклаки   сафед, лаклаки сиёҳ,  ғози ҳиндӣ,  каргаси сиёҳ, каргаси ҳимолоӣ,   уқоби морхӯр,  уқоби лошахӯр, шоҳин, тазарв, тазарви тоҷикӣ,  зарафшонӣ, туркистонӣ, дуғдоғ ва ҷек шомиланд. Инчунин аз оилаи ширхӯрон  44 намуди ҳайвонҳои нодир ва зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта, мисли хирси малла, кафтор,  гурбаи даштӣ, силовсин, бабри  барфӣ, ғизол,  бузи пармашох,  гӯсфанди кӯҳии бухороӣ, Марко Поло ба Китоби Сурхи Тоҷикистон  дохил гардидаанд.

Хуршед Раҳматов мегӯяд, ки  дар Ҷумҳуриии Тоҷикистон 70%-и масоҳати паҳншавии  бабри барфӣ, яке аз ҳайвонҳои нодир, ки зери таҳдиди  маҳвшавӣ қарор дорад, асосан кӯҳҳои Помир  буда,  ҳамзамон ин ҳайвон дар қаторкӯҳхои Туркистон, Ҳисор, Зарафшон, Пётри -1 низ вомехӯрад. Бабри барфӣ  ба хунукии  қаҳратун тобовар буда,  шикори он пурра манъ карда шудааст.

паланг4 паланг3 паланг2

Инчунин ҳайвони дигари нодир, ки ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил гардидааст,  хирси малла мебошад. Хирси малла  қариб дар тамоми минтақаи кӯҳистони Тоҷикистон  мавҷуд аст. Шикори  ин намуди ҳайвони нодир ҳам манъ гардидааст, аммо дар ҳолатҳои ба киштзорҳо, чорвои шахсӣ ва баъзан ба  сокинони минтақаҳои кӯҳистони кишвар ҳуҷум намудани онҳо,  аз ҷониби сокинони маҳаллӣ дар асоси иҷозат ва бидуни пардохти маблағ шикор карда  мешаванд.

Тоҷикистон яке аз кишварҳои сайёҳӣ ба шумор меравад ва дар сарзаминамон  намуди туризми  кӯҳнавардию шикорӣ тавсеа ёфтааст. Бештари сайёҳони хориҷӣ ба шикори  гӯсфанди Марко Поло, ки  асосан дар кӯҳҳои Помир вомехӯранд, таваҷҷуҳи хосса доранд.  Хуршед Раҳматов мегӯяд, ки арзиши шикори як сар гӯсфанди Марко Поло дар Тоҷикистон наздик ба 50 ҳазор сомонӣ буда, сайёҳон-шикорчиён барои шикори   ин намуди гӯсфанд бо пешниҳоди дархост ва гирифтани иҷозатнома аз мақомоти марбутаи кишвар ҳуқуқи шикори гӯсфанди Марко Полоро пайдо мекунанд.  Меъёри шикори гӯсфанди  Марко Поло дар мавсими шикор, ки аз моҳи сентябр оғоз гардида, то охири  феврал идома меёбад,  85 сар мебошад.

бузи кухи3 бузи кухи2 бузи кухи

Мутахассиси пешбари Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Раҳматов гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар самти ҳифзи олами ҳайвоноту наботот  ба ду санади байналмилалӣ –Конвенсия оид ба гуногунии биологӣ ва  Конвенсия оид ба  хариду фурӯши  байналмилалии  навъҳои наботот  ва ҳайвоноти ваҳшӣ, ки   дар ҳоли таҳдиди   нобудшавӣ қарор доранд,  ҳамроҳ гардидааст.  Инчунин барои аз мавсими зимистони солҳои 2016-2017  бе талаф баровардани   ҳайвонҳои нодири  ваҳшӣ, биёбонӣ, инчунин парандагон  аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳти зист ва сохторҳои он дар минтақаҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо дар минтақаҳои баландкӯҳ ҳудуди 10 тонна резаи гандум,  14 тонна алафи хушк,   2,5 тонна ҷав,  3,3 тонна намак,    1,9 тонна кунҷора ва сабӯс ва 1,2 тонна  ҷуворимакка ҷойгир  карда шудаанд.

Ин тасмим аз тадбирҳои саривақтӣ ва оқилонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи олами ҳайвоноту набототи кишвар шаҳодат медиҳад.

 Марзия САИДЗОДА,

АМИТ «Ховар»

 

 

 

Октябрь 4, 2017 13:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Конибодом ба хонандагон либосҳои мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
Дар Душанбе дар мавзуи «Навсозии Чин» конференсия баргузор гардид
Истиқлоли давлатӣ омили калидии сиёсати муваффақи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ аст
МегаФон Тоҷикистон бурди миллион сомонӣ ва туҳфаҳои дигари олиҷанобро доир менамояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Дар Бохтар ба кӯдакони ятим ва ниёзманд либосҳои мактабию лавозимоти хониш тақдим гардид
Дар палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон бо ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 1,9 миллион либоси мактабӣ истеҳсол карда шудааст
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Гулистон давраи мутобиқшавии хонандагони синфи якум идома дорад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҳисор ба кӯдакону наврасони ятим либоси мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад