Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: мантиқи таърих

Октябрь 31, 2017 14:50

ДУШАНБЕ, 31.10.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Муассисаи нашриявии  «Адабиёти бачагона»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии  Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 25-солагии Иҷлосияи таърихии 16-уми  Шӯрои Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон  рисолаи доктори илмҳои таърих, профессор, директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии  ба номи Аҳмади  Дониши  Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  Зикриё Акрамиро таҳти унвони  «Иҷлосияи  ХVI  Шӯрои  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон:  мантиқи таърих»  интишор намуд.

Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии  Тоҷикистон хабар доданд.

Муаллиф дар рисолаи мазкур заминаҳои ташаккули давлатдории муосири тоҷиконро  мавриди таҳлил ва паҳлӯҳои гуногуни Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо диди нав мавриди пажӯҳиш қарор додааст. Дар китоб махсусан аз назари мантиқи таърихӣ ҷойгоҳ ва мақоми  иҷлосияи мазкур хеле возеҳу равшан нишон дода шудааст.

Рисола барои оммаи васеи хонандагон пешбинӣ шуда, ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ бо теъдоди зиёд аз чоп баромадааст.

Октябрь 31, 2017 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар истироҳатгоҳи «Чангоб»- и шаҳри Ҳисор барномаҳои гуногуни шавқовар доир карда мешаванд
Намояндагони ВАО бо фаъолияти истгоҳҳои базавии алоқаи барқии ширкатҳои мобилии вилояти Суғд шинос гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Суғд беш аз 75 ҳазор нафар кӯдакону наврасон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Дар истироҳатгоҳи «Ширкент» зиёда аз 1300 нафар кӯдакону наврасон истироҳат менамоянд
Қарзи давлатии ҷаҳонӣ ба 102 триллион доллар расид
Дар ноҳияи Рӯдакӣ 933 ҳолати қоидавайронкунии истифодаи неруи барқ ошкор карда шуд
Дар Маркази солимгардонии Суғд беш аз 200 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳат ҷалб гардидаанд
Сокинони Анқараро даъват карданд, ки обро сарфакорона истифода намоянд
Мегафон Тоҷикистон: «Вақте роҳати хона бештар аст»
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
САЙРИ БАДАХШОН. Дар вилоят 647 адад ёдгориҳои таърихӣ, табиӣ ва монументалӣ ҷойгир мебошанд