Мусоҳибае, ки қолаби андешаҳои асримиёнагиро шикаст

Октябрь 10, 2017 17:08

ДУШАНБЕ, 10.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Мусоҳибаи рӯзноманигор Бахтиёри Ҳамдам бо муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Саидмурод Фаттоҳзода  , ки АМИТ  «Ховар» 6 октябри соли ҷорӣ чоп кард ва дар он вобаста ба зарурати қабули тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  дар мавзӯи «Чаро инқилоби маънавию фарҳангӣ?» сухан мерафт, дар миёни оммаи васеи ҷомеа хеле хуб пазируфта шуд. Зеро андешаҳое, ки дар ин суҳбат баён шудаанд, масъалаҳои воқеан ҳам дарднокро фаро гирифта, дар он воқеияти аслии тақлидкориву зоҳирпарастӣ ва шуҳратхоҳие, ки дар маъракаороиҳои мардум дида мешавад, ифода ёфтаанд.

Дар оғози суҳбат хеле ба маврид зикр гардидааст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» яке аз қонунҳои нодир ва бесобиқа буда, ба хотири беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум ва даст кашидан аз хароҷоту исрофи иҷборӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод ва аз ҷониби қишрҳои гуногуни ҷомеа ҳамаҷониба дастгирӣ ёфт.

Дар мусоҳиба бетарафии баъзе аз фаъолони ҷомеа, аз ҷумла олимону рӯҳониён, ки маслиҳатчии асосии маъракадорон, махсусан маъракаҳои дафну азодорӣ ба ҳисоб мераванд, муҳокима шуда, чунин қайд гардидааст:  «Чаро олимон ва рӯҳониёни арҷманди мо, ки пешсафи ҷомеа мебошанд, то қабули қонуни мазкур мардумро раҳнамоӣ накарданд? Муҳри хомӯшӣ бар даҳон задаву ба истилоҳе «қатори мардум» пешдарои ин гуна маъракаҳо буданд? Ва ё мегуфтанду суханашон асар надошт?». Инҳо воқеан саволҳои такондиҳандаи тафаккури ҳар як шаҳрванд мебошанд. Хонандаро ба андашае водор месозанд, ки масъулияти шаҳрвандии худро фаромӯш насохта, барои беҳбуд бахшидани шароити зиндагии худ кӯшиш намояд ва дигаронро низ талқин созад.

Дар мусоҳиба ба таври ошкоро парда аз рӯи «хайру саховатмандӣ»-и риёкорона бардошта шуда, ҳамзамон ба тақлид водоштани бақияи ҷомеа мазаммат гардидааст. Зимнан, раванди маъракаороӣ хеле воқеъбинона таҳлил гардида, собит гардидааст, ки мо ба сатҳу сифати маъракаҳо бо «тафаккури меъда» баҳогузорӣ мекунем.  Бо таассуф зикр шудааст, ки «психологияи мардуми мо ба зиёфатхӯрии маҷҷонӣ (ройгон) хӯ гирифта, номи тамоми маъракаҳо ба хӯрдани ғизо иртибот доранд».

То қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузории маъракаҳои серхарҷ воқеан аз ҳадди эътидол гузашта буданд ва як нафар аз беруни кишвар ба мафҳуму мантиқҳои бофтаи «нангу номус»-и мо ҳеҷ сарфаҳм рафта наметавонист. Дар мусоҳиба таассуроти як сайёҳи олмонӣ аз маъракаи таъзияи модари нафаре зикр шудааст, ки пас аз дидани зиёфатҳову дабдабаҳо бо ҳайрат гуфтааст: «Нафаҳмидам, ки ин мотам буд, ё маъракаи шукронаи фавти модар… »

Ошкоро таҳлил кардани раванди фаҳмишҳои иҷтимоии ҷомеа ва аз назари интиқодӣ нигаристан ба онҳо ин ҷасорати рӯйрост назар кардан ба чашми воқеият буда, маҳз аз ин роҳ метавон мушкилоти бавуҷудомадаро ҳал намуд ва чи тавре устод зикр кардаанд, мардумро аз зери бори гарони «нангу номуси дурӯғин ва сунъӣ» раҳо кард.

Ғайр аз ин, дар мусоҳиба зимни таҳлилҳо барои баланд гаштани сатҳу сифати зиндагии мардум тавсияҳои хеле муфид зикр шудаанд, ки поя бар андешаҳои муосир ва таҷрибаи ҷаҳони мутамаддин доранд. Тавре омадааст: «Мо бояд иқрор шавем, ки то ҳанӯз дар ҷомеаи мо мафҳуми «буҷети оилавӣ» вуҷуд надорад». Дар ҳақиқат вазъу сатҳи некӯаҳволӣ дар ҷомеа аз дахлу харҷи сариштакоронаи оилаҳои ҷудогона вобастагии калон дошта, баробарии иҷтимоӣ низ маҳз дар ҳамин сурат ба вуҷуд меояд. Ба даромаду хароҷоти оила бо назардошти эҳтиёҷот ва дурандешона муносибат кардан оиларо аз муҳтоҷӣ ва камбағалӣ мераҳонад. Аммо тавре дар мусоҳиба зикр шудааст, «мардуми мо як одати аҷиб доранд, ки агар андаке аз фақру нотавонӣ раҳо ёбанду дар ҷайбашон ду-се танга пайдо шавад, боз ҳамон «менталитет»-и миллӣ дастболо мешаваду роҳи баҳудаву беҳуда сарф кардани ҳамон маблағи ночизро меҷӯянд». Дар исботи ин гуфтаҳо мисолҳои ҷолибе ҳам зикр шудаанд, ки ҷиҳати тарбияи ҷомеа дар рӯҳияи сарфаву сарриштакорӣ, маданияти маъракаороиву таҳияи буҷети оилавӣ ва фарҳанги истифодаи бошууронаи дороиҳо аҳамияти калон доранд.

Дар охир суханони муовини якуми Раиси ҲХДТ Саидмурод Фаттоҳзодаро иқтибос меорам, ки зимни суҳбат гуфтаанд: «Мо бояд аз эроду эътирози онҳое, ки намехоҳанд ҷомеа пеш равад, натарсем ва ба хотири рушду шукуфоӣ ва пешрафти Ватани азизамон аҳлона талош варзида, ҳамқадами ҷомеаи мутамаддин гардем”.

                    Орзу ҲАМИД,

роҳбари намояндагии ТҶҶ

«Созандагони Ватан» дар вилояти Хатлон

Октябрь 10, 2017 17:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Шаҳбози Аброр раиси нави Ҳизби демократи Тоҷикистон интихоб гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар «Тоҷикаэронавигатсия» роҳҳои таҳкими волоияти қонун ва маърифати ҳуқуқӣ баррасӣ гардиданд
Ҷаласаи Шурои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
СУРАТГУЗОРИШ. Дар Душанбе доир ба мушкилоти мубориза бо ҷинояткорӣ конфронси байналмилалӣ доир шуд
Профессорони Донишгоҳи нассоҷии Вуҳан барои мутахассисони соҳаи нассоҷии Тоҷикистон даври омӯзишӣ мегузаронанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ПЕШГӮИИ ОБУҲАВОШИНОСОН. Моҳи май ҳаво гарм ва сербориш мешавад
НАМУНАИ ВАТАНДӮСТӢ. Дар ҳама ҳолат бояд манфиатҳои миллат ва Ватанамонро ҳимоят карда тавонем
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳрҳои Исфара ва Конибодом ба иштирокчиёни ҷанги солҳои 1941-1945 кумакпулии яквақта расонида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад