ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи боронӣ мешавад

Октябрь 5, 2017 08:41

ДУШАНБЕ, 05.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 5 октябр дар ҷумҳурӣ ҳавои ноустувори тағйирёбанда ва боридани борон пешбинӣ шуда,  дар баъзе минтақаҳо дар баландии 2500 метр боридани барф ва пастшавии ҳарорати ҳаво дар назар аст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар вилояти Хатлон обуҳавошиносони кишвар пастшавии ҳароратро пешгӯӣ менамоянд. Ҳаво тағйирёбанда шуда, боридани борон дар назар аст. Дар водиҳо ҳарорат рӯзона ба 21-26 дараҷа расида, шамол аз самти ғарб 4-9 метр дар як сония мевазад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрӣ ва боронӣ пешгӯӣ шуда, шабона дар баландиҳои 2500 м барф меборад. Дар ғарби вилоят ҳарорат рӯзона 18-23 ва дар шарқи ҳамин вилоят пастшавии ҳарорат пешбинӣ гашта, 6-11 дараҷаро ташкил хоҳад дод.

Обуҳавошиносон дар вилояти Суғд пастшавии ҳарорат ва ҳавои номусоидро пешбинӣ менамоянд. Ҳаво дар ноҳияҳои вилоят абрии боронӣ гашта, дар баландиҳои 2500 м боридани барф пешгӯӣ карда мешавад. Вазиши шамол аз самти шимолу ғарб ба 4-9 метр дар як сония расида, дар водиҳо ҳарорат то 11-16 дараҷа мерасад.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи ноустувор шуда, борон меборад. Дар баландиҳои 2500 м боридани барф, дар водиҳо пастшавии ҳарорати рӯзона ба назар мерасад.

Обуҳавошносон дар шаҳри Душанбе ҳавои абрӣ ва боридани борони кӯтоҳмуддатро пешбинӣ менамоянд. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония вазида, шабона 10-12  ва рӯзона 21-23 дараҷа гарм мешавад.

Октябрь 5, 2017 08:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад