Олимони Академияи илмҳо заминҷунбии мудҳиши соли 1907-ро таҳқиқ менамоянд
ДУШАНБЕ, 24.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. «110-солагии солгарди заминҷунбии Қаратоғ (21 октябри соли 1907) ва масъалаҳои муосири геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология»-таҳти чунин унвон пагоҳ, 25 октябри соли 2017, соати 09: 30 дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон сессияи илмӣ баргузор мегардад.
Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Машраби Абдулло иттилоъ дод, дар сессияи илмӣ олимони шинохтаи тоҷик, аз қабили С.Х. Неъматуллоев, Н.Г. Саломов, Ф.Х. Каримов, Д.Н. Низомов, А.В. Швартс ва дигарон маърӯзаҳои илмӣ намуда, оид ба заминларзаи Қаратоғ, ки таърихи 110-сола дорад, бо назардошти тадқиқоти илми муосири сейсмологӣ музокира мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки заминҷунбии Қаратоғ дар як шабонарӯз бо ду такон дар таърихи 21 октябри соли 1907 ба вуқӯъ пайвастааст ва аввалӣ 7,4 ва дуюмӣ 6,7 баллро фарогир будааст. Дар натиҷаи ин заминҷунбии мудҳиш 150 деҳа, аз ҷумла Қаратоғ вайрон гардида, ба харобазор мубаддал шудаанд.
Бояд зикр намуд, ки заминҷунбиҳои мудҳиш, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ тӯли садсолаҳои гуногун ба вуқӯъ пайваста, айни замон низ рух медиҳанд, аз ҷониби муҳаққиқони Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шуда, мавриди пажӯҳиши васеъ қарор гирифтаанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






