ҚОНУНИ ТАНЗИМ ДАР МАКТАБҲО ЧУН ФАННИ АЛОҲИДА ТАЪЛИМ ДОДА ШАВАД! Пешниҳоди ноиби президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 2, 2017 15:03

ДУШАНБЕ, 02.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бояд гуфт, ки қабулу татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» яке аз муҳимтарин иқдомҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи эҳёи фикрию фарҳангӣ,  иҷтимоӣ, иқтисодию сиёсии миллат ва кишвари мо мебошад,  зеро татбиқи ин қонун боиси паст шудани сатҳи камбизоатӣ, поксозии афкори мардум аз хурофот, беҳбуди зиндагии иҷтимоии аҳолӣ ва тақвияти суботу амнияти миллии кишвар гардид.

Маълум аст, ки  мардуми тоҷик бо таърихи бостонӣ ва  расму ойини миллӣ дар байни халқу миллатҳои Осиёи Марказӣ  мақоми махсусро ишғол менамояд. Мо, тоҷикон, дар ҳақиқат, миллати тамаддунсоз ва фарҳангӣ ҳастем ва дар домани худ чандин қавмҳои бодиянишинро таълиму тарбия намуда, ба қатори халқҳои мутамаддин ворид сохтем. Аммо рўйрост бояд гуфт, ки бо вуҷуди дорои таъриху тамаддуни бостонӣ ва ҳомилу густаришдиҳандаи  дину мазҳаб дар Шарқ буданамон, мо, тоҷикон миллати аз ҳама хурофотӣ ва пойбанди урфу одатҳои бофтаву сохта мебошем. Мо расму ойинҳои бидъатомез ва миёншиканро ба вуҷуд овардаему онҳоро чун ҷузъи талаботи дини мубини ислом ва мазҳаби ҳанафӣ мешуморем ва аз онҳо пайравии сарсахт дорем. Ҳол он ки уламои  исломии мо хуб медонанд, ки бисёр урфу одатҳои роиҷи тоҷикон дар мавриди тўю хурсандӣ ва маросими мотаму азодорӣ ба нишондоди шариати исломӣ ягон рабт надоранд. Бо вуҷуди ин, аксари даромад, сарвату дороии моро чунин маросимҳои серхарҷу бодабдаба  ба коми худ фурў мебурд ва мардуми моро ҳамеша дар фақру нодорӣ ва камбизоатӣ нигоҳ медошт.

Агар мабодо зиёие муқобили ин урфу одатҳои бидъатӣ ва хурофотӣ мебаромад, дарҳол уламои муҳофизакор эшонро сахт накўҳиш мекарданд, тамғаи «мулҳид» ва  «ҷадид»  мезаданд ва мегуфтанд, ки бобову аҷдод ва ниёгони мо ин урфу одатҳоро ба ҷо меоварданд ва мо бояд пайрави собитқадами онҳо бошем. Ҳол он ки на ҳама урфу одат ва расму ойинҳои аҷдодии мо ба манфиати мардум буданд ва мо кайҳо бояд аз онҳо  даст мекашидем.

Таърих гувоҳ аст, ки бузургмардони  сиёсат ва пешвоёни миллатҳо  қолабҳои маъмулу обшустаро ҷасурона  шикаста, ба иқдомҳои дар назари аввал ғайриодӣ,  аммо бисёр муҳиму сарнавиштсоз рўй меоваранд.  Ҳамин тавр, агар ба замони қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», яъне ибтидои солҳои дуҳазорум назар андозем, метавон гуфт, ки ҷомеаи Тоҷикистон низ ҳам аз назари фикрӣ ва ҳам аз назари анъана ва урфу одатҳо ба гирдоби хурофот фурў рафта, ислоҳи вазъият ба як тадбири ҷиддии усулӣ ва ҷасорати бузург ниёз дошт.

Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон, ки худ аз миёни мардум бархоста, бо зиндагии мардум ошноии хуб доштанд, маҳз моҳияти иртиҷоии хурофот, хусусияти исрофкоронаи расму оинҳо ва монеи рушди фикрию иҷтимоии ҷомеа будани онҳоро  ба назар гирифта, иқдоми ҷиддӣ ва ҷасуронаро пеш гирифтанд ва ба ислоҳоти бузург даст заданд, ки дар таърих назир надораду бесобиқа буда, идомаи кору пайкор ва фаъолияти маорифпарварони бузурги халқи тоҷик мебошад.

Бояд таъкид кард, ки Қонуни номбурда  аз  назари арзиши бузурги худ низ Қонуни миллист ва ҳамчун як барномаи бузурги ислоҳоти фикрӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ аҳамияти махсусан муҳими миллию давлатӣ дорад. Ҳар он чӣ, ки  дўстони ноошнои мо баъзе ақидаҳои салафигароию ифротгароиро побанди  ин Қонун менамоянд, ин ғарази  сиёсӣ мебошад. Ба андешаи мо,  Қонуни мазкур бузургтарин ислоҳот дар  ҳазорсолаи охир  дар  танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мардуми мо ба шумор меравад, ки  муқобили  исроф ва риёкорист.

Бояд тазаккур дод, ки  ҳадафу меъёрҳое, ки дар Қонуни танзим омадаанд, ба таълимоти гузаштагони бузурги халқи тоҷик комилан мувофиқанд ва ғояҳои сарфаҷўӣ, худдорӣ аз харҷи беҳуда, хайри бериё, дастгирии ниёзмандон ва ғайра саросари осори гузаштагони моро фаро гирифтаанд.

Имсол аз ҷониби мутахассисони ҳуқуқ бо назардошти фикру андешаҳои мардум ба Қонуни мазкур тағйиру иловаҳои муҳим ворид карда  шуд. Аз ҷумла, дар рўзҳои идҳои Рамазон ва Қурбон оростани дастурхони маънавии хоксорона ва роҳ надодан ба исрофкорӣ ва зиёдаравӣ яке аз  онҳост. Инчунин  тартиби нави гузаронидани маъракаи хатнасур пешниҳод гардидааст. Мувофиқи он минбаъд хатнасур  дар доираи оила ва бе хизматрасонии санъаткорон гузаронида мешавад. Дигаргуниҳои ҷиддӣ ба моддаи 11-и Қонуни амалкунанда, ки маросими дафну азодориро танзим менамоянд, ворид карда шудаанд. Мувофиқи он  тамоми маросими дафну азодорӣ бе забҳи чорво ва бе хўрок бояд гузаронида шаванд.

Ҳамзамон  тибқи талаботи Қонуни танзим шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ уҳдадор карда шудаанд, ки ба рукнҳои фарҳанги миллӣ, аз ҷумла забони давлатӣ ва либоси миллӣ эҳтиром гузошта, онҳоро аз таъсирҳои манфии замони муосир ҳифз намоянд. Дар баробари тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба моддаи 481-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Барои боз ҳам беҳтар амалӣ сохтани қонуни мазкур чанд пешниҳодро манзур  менамоем:

 –Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба ҳайси як фанни алоҳида ҷорӣ  карда шавад ва таълими он ба зиммаи омўзгорони фанни ҷамъиятшиносӣ ва ҳуқуқ вогузор карда шавад;          

–тарғибу ташвиқи ҳамаҷониба ва босаводонаи Қонуни танзим тавассути воситаҳои ахбори оммаи давлатӣ ба роҳ монда шавад. Ба ин кор мутахассисони варзидаи риштаи ҳуқуқ, ҷомеашиносӣ,   исломшиносӣ, рўҳониён ва рўзноманигорон сафарбар карда шаванд;

–шарҳу тафсири Қонуни танзим аз ҷониби мутахассисон таҳияву нашр карда шуда, дастраси ҳар як хонаводаи кишварамон  гардонида шавад. 

Бовар дорем, ки мардуми шарифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла,   олимону пажӯҳишгарони  АИ ҶТ ҷиҳати иҷрои  Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» кӯшишу талош ба харҷ дода, онро  ҳаматарафа  ҷонибдорӣ менамоянд.

            Абдураҳмон МУҲАММАД,

ноиби Президенти АИ  ҶТ,

доктори илмҳои сиёсӣ, профессор

Октябрь 2, 2017 15:03

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Чаро маъракаҳои ҳоҷиталбон ҳолати худнамоишдиҳӣ гирифтаанд?
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои қонуншиканӣ вобаста ба вайрон намудани қонуни танзими анъана зиёд шудаанд
16 СОЛИ ПУР АЗ МАНФИАТ. Танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муҳимияти он дар зиндагии сокинон
ТАНЗИМИ МАЪРАКАҲО — ОМИЛИ ЗИНДАГИИ БОСАОДАТ. Таҳти ин унвон дар шаҳри Левакант бо сокинон мулоқот доир гардид
Дар Суғд доир ба шарҳи қонунҳои миллӣ корҳои таблиғотӣ ва силсиламулоқот гузаронида шуданд
Дар Вазорати молия ҷиҳати татбиқи қонуни танзим ҷаласа доир шуд
Барои риоя накардани Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 358 парванда аз ҷониби судҳо баррасӣ гардид
Ҷаримаҳо барои риоя накардани талаботи қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим зиёд карда шуданд
Суди ноҳияи Файзобод Шобидин Табаровро барои риоя накардани қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ҷарима намуд
Дар 20 рӯз 9 ҳолати вайрон намудани муқаррароти қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим ба қайд гирифта шуд
Ба сокини шаҳри Турсунзода барои риоя накардани Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Точикистон» ҷарима таъйин гардид
Суди ноҳияи Файзобод: Суннат Гулов барои риоя накардани қонун ба маблағи 2750 сомонӣ ҷарима месупорад