Парлумон Созишнома оид ба ҳамкории кишварҳои аъзои СААД-ро ба тасвиб расонид
ДУШАНБЕ, 02.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Созишнома оид ба ҳамкории давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ /СААД/ дар соҳаи ҳамлу нақли ҷузъу томҳо ва дигар воҳидҳои ҳарбӣ, молу мулки манқули онҳо, инчунин маҳсулоти таъйиноти ҳарбӣ, Протокол оид ба тамдиди муҳлати эътибори Созишнома дар бораи ташкил намудани низоми ягонаи ҳимояи техникии роҳҳои оҳани давлатҳои аъзои СААД аз 28 апрели соли 2003 ва ворид намудани тағйирот ба онро имрӯз вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба тасвиб расониданд.
Санадҳои мазкурро дар назди вакилони Парлумон Шералӣ Мирзо, Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳ дода, гуфт, ки онҳо дар тақвияти ҳамкории кишварҳои аъзои СААД нақши муассир мегузоранд.
Мавриди зикр аст, ки Созишнома оид ба ҳамкории давлатҳои аъзои СААД дар соҳаи ҳамлу нақли ҷузъу томҳо ва дигар воҳидҳои ҳарбӣ, молу мулки манқули онҳо, инчунин маҳсулоти таъйиноти ҳарбӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст. Ин Созишнома 15 сентябри соли 2015 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида буд.








Файзалӣ Идизода сокинони Сангворро ба гиромӣ доштани дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ даъват намуд
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Марҳилаи пур аз рӯйдодҳои муҳим, созандагӣ ва дастовардҳои беназири Тоҷикистон
Вакилони Маҷлиси намояндагон ба фаъолони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансури пойтахт моҳияти Истиқлоли давлатиро шарҳ доданд
Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон бо фаъолони шаҳри Панҷакент вохӯрӣ намуд
Файзалӣ Идизода бо аскарону афсарон ва фаъолони ноҳияи Сангвор вохӯрӣ намуд
Вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагон бо кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе доир шуд
Дастовардҳои соҳаи маориф дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Ҳисор баррасӣ шуданд
Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Вакилони Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Фирдавсӣ вохӯрӣ намуданд
Вакили Маҷлиси намояндагон бо кормандони соҳаи тандурустии шаҳри Ҳисор вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи ғайринавбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Намояндаи Парлумони Тоҷикистон дар конфронси байналмилалӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Узбекистон иштирок намуд






