Риояи талаботи қонунгузорӣ аз ҷониби соҳибкорон омили муҳими пешрафти кишвар маҳсуб мешавад

Октябрь 14, 2017 11:46

ДУШАНБЕ, 14.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Риояи талаботи қонунгузорӣ, эҳсоси масъулият дар назди ҷомеаву давлат ва нишон додани маърифати баланди ҳуқуқиву молиявӣ аз ҷониби соҳибкорон омили муҳими пешрафти кишвар маҳсуб меёбад. Ин нуктаро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо соҳибкорон ва сармоягузорони ватаниву хориҷӣ, ки имрӯз дар пойтахти кишвар доир гардид, таъкид намуданд.

Роҳбари давлат аз ҳаҷми умумии манбаъҳои андозбандӣ дар солҳои 2013-2016, ки нисбат ба онҳо имтиёзҳои андозӣ татбиқ шудаанд, ёдовар шуда, зикр намуданд, ки дар ин давраҳо қариб 60 миллиард сомонӣ ва маблағи имтиёзҳои воқеан истифодашуда 9 миллиард сомониро ташкил намудааст, ки ин нишондиҳанда қариб 30 фоизи маблағи андозҳои дохилии дар ин давра ба буҷет воридгардидаро ташкил медиҳад.

Ба андешаи Президенти кишвар, гарчанде дар кишвари мо барои соҳибкорон ва сармоягузорон имтиёзҳо ва сабукиҳои зиёди андозӣ муқаррар гардида бошанд ҳам, вале тавре ки корҳои назоратии мақомоти андоз нишон медиҳанд, ҳоло ҳам як қисми андозсупорандагон дидаву дониста, ба вайрон кардани қонунгузории андоз роҳ медиҳанд.

«Масалан, аз рӯи натиҷаи санҷишҳои дар соли 2016 ва ҳашт моҳи соли 2017 гузаронидашуда маблағи андози аз ҷониби субъектҳои хоҷагидор (соҳибкорон) пинҳонкардашуда 1 миллиарду 520 миллион сомониро ташкил кардааст», -иброз намуданд Э. Раҳмон.

Октябрь 14, 2017 11:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд