Сафири Франсия Ясмин Гуедар: «Тоҷикистон дар қалби мардуми мо ҷои махсусро ишғол менамояд»
ДУШАНБЕ, 26.10.2017. /АМИТ «Ховар»/. Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Франсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ясмин Гуедар вохӯрӣ анҷом дод.
Ба иттилои Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба таҳкими робитаҳои фарҳангии байни Тоҷикистон ва Франсия, хусусан оид ба намоиши нигораҳои таърихии Тоҷикистон дар Осорхонаи Гимеи Париж, ки соли 2019 баргузор мегардад, суҳбат карданд.
Сафири Франсия дар Тоҷикистон чунин изҳор намуд: «Намоишгоҳи Тоҷикистон дар Париж дар сатҳи олӣ баргузор гашта, аз ҷониби мардуми мо хуш пазируфта хоҳад шуд. Зеро Тоҷикистон дар қалби мардуми мо ҷои махсусро ишғол менамояд».
Ясмин Гуедар изҳор дошт, ки барои самаранок ба роҳ мондани ҳамкории дуҷонибаи судманд дар доираи салоҳияти кориаш талош хоҳад кард.
Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, дар навбати худ, зикр намуд, ки намоиши мазкур имконияти хубест барои муаррифии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва он барои таҳким ва рушди муносибатҳои фарҳангии ду кишвар такони тоза хоҳад бахшид.








Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад






