Сокини шаҳри Ваҳдат барои гузаронидани маъракаи ақиқа панҷ ҳазор сомонӣ ҷарима шуд
ВАҲДАТ, 24.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Суди шаҳри Ваҳдат сокини ин шаҳр Сайдалӣ Сафаровро барои гузаронидани маъракаи номгузорӣ, яъне ақиқаи наберааш дар асоси моддаи 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста, нисбат ба ӯ ба андозаи сад нишондиҳанда, баробар ба панҷ ҳазор сомонӣ ба фоидаи давлат ҷарима таъйин намуд. Дар ин бора судяи Суди шаҳри Ваҳдат Зафар Қодирзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Сайдалӣ Сафаров дар хонаи истиқоматияш бо оростани зиёфат барои 80-100 нафар меҳмонон бо додани ду таом маъракаи номгузорӣ, яъне ақиқаи набераашро гузаронида, бо ин амал талаботи моддаи 9-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро вайрон намудааст.
Тибқи иттилои манбаъ, Суди шаҳри Ваҳдат пас аз тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» парвандаи се нафар сокинони шаҳрро бо сабаби иҷро накардани талаботи қонуни танзим баррасӣ намуд ва се парвандаи дигар дар баррасии судӣ қарор доранд.
Мутахассиси бахши танзими анъана ва ҷашну маросимҳои шаҳри Ваҳдат Саидалӣ Ҳокимзода иброз дошт, ки дар баробари корҳои фаҳмондадиҳии комиссияҳои доимии шаҳрию ҷамоатӣ, баъзе соҳибони маъракаҳо дидаю дониста ба қонуншиканӣ даст мезананд. Қисми зиёди онҳо серфарзанду нафақахӯр ва сатҳи зиндагияшон паст мебошад.
Дар нуҳ моҳи соли равон аз тарафи мутахассисони бахш дар якҷоягӣ бо комиссияҳои ҷамъиятӣ 26 ҳолати қонуншиканӣ ошкор карда шуд, ки 6 ҳолати он ба давраи баъди қабули тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» рост меояд.