Сокини шаҳри Ваҳдат барои гузаронидани маъракаи ақиқа панҷ ҳазор сомонӣ ҷарима шуд

Октябрь 24, 2017 14:12

ВАҲДАТ, 24.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Суди шаҳри Ваҳдат сокини ин шаҳр Сайдалӣ Сафаровро  барои гузаронидани маъракаи номгузорӣ, яъне  ақиқаи наберааш   дар асоси моддаи 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии  маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста, нисбат ба ӯ  ба андозаи сад нишондиҳанда, баробар ба панҷ ҳазор сомонӣ ба фоидаи давлат  ҷарима таъйин намуд. Дар ин бора  судяи Суди шаҳри Ваҳдат Зафар Қодирзода  ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Сайдалӣ Сафаров дар хонаи истиқоматияш  бо оростани зиёфат барои 80-100 нафар  меҳмонон  бо додани ду таом  маъракаи номгузорӣ, яъне ақиқаи набераашро гузаронида, бо ин амал талаботи моддаи 9-и  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро вайрон намудааст.

Тибқи иттилои манбаъ, Суди шаҳри Ваҳдат пас аз тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  парвандаи се нафар сокинони шаҳрро бо сабаби иҷро накардани талаботи қонуни танзим баррасӣ намуд ва се парвандаи дигар  дар баррасии судӣ қарор доранд.

Мутахассиси бахши танзими анъана ва ҷашну маросимҳои шаҳри Ваҳдат  Саидалӣ Ҳокимзода иброз дошт, ки дар баробари  корҳои фаҳмондадиҳии комиссияҳои доимии шаҳрию ҷамоатӣ, баъзе соҳибони маъракаҳо дидаю дониста  ба қонуншиканӣ даст мезананд. Қисми зиёди онҳо серфарзанду нафақахӯр ва сатҳи зиндагияшон паст мебошад.

Дар нуҳ моҳи соли равон аз тарафи мутахассисони бахш дар якҷоягӣ бо комиссияҳои ҷамъиятӣ 26 ҳолати қонуншиканӣ ошкор карда шуд, ки 6 ҳолати он ба давраи баъди қабули тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо»  рост меояд.

Октябрь 24, 2017 14:12

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Чаро маъракаҳои ҳоҷиталбон ҳолати худнамоишдиҳӣ гирифтаанд?
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои қонуншиканӣ вобаста ба вайрон намудани қонуни танзими анъана зиёд шудаанд
16 СОЛИ ПУР АЗ МАНФИАТ. Танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муҳимияти он дар зиндагии сокинон
ТАНЗИМИ МАЪРАКАҲО — ОМИЛИ ЗИНДАГИИ БОСАОДАТ. Таҳти ин унвон дар шаҳри Левакант бо сокинон мулоқот доир гардид
Дар Суғд доир ба шарҳи қонунҳои миллӣ корҳои таблиғотӣ ва силсиламулоқот гузаронида шуданд
Дар Вазорати молия ҷиҳати татбиқи қонуни танзим ҷаласа доир шуд
Барои риоя накардани Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 358 парванда аз ҷониби судҳо баррасӣ гардид
Ҷаримаҳо барои риоя накардани талаботи қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим зиёд карда шуданд
Суди ноҳияи Файзобод Шобидин Табаровро барои риоя накардани қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ҷарима намуд
Дар 20 рӯз 9 ҳолати вайрон намудани муқаррароти қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим ба қайд гирифта шуд
Ба сокини шаҳри Турсунзода барои риоя накардани Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Точикистон» ҷарима таъйин гардид
Суди ноҳияи Файзобод: Суннат Гулов барои риоя накардани қонун ба маблағи 2750 сомонӣ ҷарима месупорад