ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 17 октябр, сешанбе, 290-умин рӯзи соли 2017 аст. То охири сол 75 рӯзи дигар боқӣ мондааст

Октябрь 17, 2017 08:20

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шаҳлои САДРИДДИН варақ мезанад:

 

17 октябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Котиби Шӯрои амнияти Федератсияи Россия Николай Патрушевро ба ҳузур пазируфтанд.

***

Дар ин рӯз, 17 октябри соли 2012 дар шаҳри Кувайт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Амири Давлати Кувайт шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ мулоқоти судманд анҷом доданд.

***

17 октябри соли 2012 дар Кувайт мулоқоти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистону Афғонистон ва Эрон баргузор гардид.

17 ОКТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи умумиҷаҳонии аз байн бурдани камбизоатӣ.

***

Фестивали байналмилалии ҷаз дар Барселона.

***

Рӯзи назми сиёҳ дар ИМА.

 РӮЙДОДҲО:

17 октябри соли 2011 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири давлатии Британияи Кабир оид ба рушди байналмилалӣ Алан Данкан мулоқот намуданд.

***

Дар ин рӯз, 17 октябри соли 1929  қарор оид ба пурра таъмир намудани шаҳри Москва қабул шуд.

***

11 сол қабл, 17 октябри соли 2006 аҳолии ИМА ба 300 млн нафар расид.

***

17 октябри соли 1918 дар Москва аввалин маротиба дар ҷаҳон Осорхонаи бозичаҳо кушода шуд.

***

Дар ин рӯз, 17 октябри соли 1990 хазинаи маълумотҳои IMDb (Internet Movie Database) таъсис дода шуд, ки калонтарин хазинаи маълумот ва сомона оид ба кинематография маҳсуб меёфт.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1959 Ширкати «Де Бирс» дар Африкои ҷанубӣ эълон намуд, ки нахустин маротиба аз ҷониби онҳо алмоси сунъӣ истеҳсол карда шуд.

***

Соли 2004 дар Кипр ширинипазҳои маҳаллӣ ширинии шарқиеро бо номи роҳат-лукум ва вазни 2,5 тонна омода намуданд, ки барои таҳияи он беш аз 2 тонна шакар, 350 кг орди ҷуворӣ ва 150 кг меваи хушк истифода шудааст.

Октябрь 17, 2017 08:20

Хабарҳои дигари ин бахш