Таъмири беш аз 220 км хатти қубурҳои обгузари оби нӯшокӣ дар шаҳру ноҳияҳои Суғд
ХУҶАНД, 12.10.2017. /АМИТ «Ховар»/. Яке аз масъалаҳои асосие, ки таи солҳои охир мавриди таваҷҷуҳи ҷомеа ва созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ қарор гирифтааст, ин норасоӣ ва дастрасии нопурраи сокинони бархе аз кишварҳои олам ба оби тозаи ошомиданӣ мебошад.
Тибқи маълумоти созмонҳои омории ҷаҳонӣ, имрӯз беш аз як миллиард одамон дар сайёра аз норасоии оби нӯшокӣ танқисӣ кашида, миллионҳо нафари дигар дар шароити бади санитарӣ зиндагӣ доранд. Ҳамзамон садҳо ҳазор нафар аз касалиҳои аз оби ғайрисанитарӣ бавуҷудоянда мефавтанд.
Яке аз кишварҳое, ки дар самти ҳалли ин мушкилот, яъне таъмини аҳолии минтақаву ҷаҳон бо оби тозаи нӯшокӣ бо ташаббусҳои башардӯстона ҷаҳду талош дорад, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Маҳз силсилаиқдомҳои дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд, ки бо қатъномаҳои Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид «Соли 2003 – соли оби тоза», Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» дар солҳои 2005-2015 ва соли 2016 бо ҷонибдории 190 кишвари ҷаҳон –«Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 эълон гардиданд.
Ҳарчанд Тоҷикистон худ дар саргаҳи ташаккули захираҳои оби тоза қарор дошта, соҳиби беш аз 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказӣ ва ҳамзамон шумораи зиёди сарчашма ва манбаъҳои бузурги оби тоза мебошад, вале 11,5%-и аҳолии мамлакат ҳанӯз ҳам бо ин проблема рӯ ба рӯ ҳастанд.Ҳол он ки тибқи рақамҳои оморӣ, танҳо дар давоми 10 соли охир дар доираи қабули барномаҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», Соли байналмилалии оби тоза, Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об беш аз 600 ҳазор нафар сокинони Тоҷикистон ба истифодаи оби тоза дастрасӣ пайдо намуданд.
Бояд гуфт, ки танқисии аҳолӣ ба оби ошомиданӣ дар вилояти Суғд низ ба назар расида, то охири соли 2016 дар вилоят қариб 235 деҳа, 2 шаҳрак, 41 маҳалла, бо фарогирии беш аз 651 ҳазор аҳолӣ ба оби тоза дастрасии пурра надоштанд. Вобаста ба ин, бо мақсади татбиқи дастур ва иқдомҳои наҷиби Президенти кишвар дар самти дастрасии аҳолӣ ба оби ошомиданӣ дар миқёси вилоят тибқи қарори раиси вилоят Барномаи вилоятии «Соли 2017-соли дастрасии аҳолӣ ба оби тозаи нӯшокӣ» эълон гардида, шурӯъ аз соли равон дар 18 шаҳру ноҳияҳои шимоли кишвар дар ин самт корҳои таъмиру созандагӣ бомаром ҷараён доранд.
Ба иттилои Корхонаи давлатии фаръии об ва корези вилоят, манбаъҳои таъмини оби ошомиданӣ дар шимоли кишвар асосан обҳои зеризаминӣ ва рӯизаминӣ буда, қисмати онҳо ба обҳое мансубанд, ки дуруштии 15-22 млн. экв/л дошта, маъданнокии онҳо 10 г/л ва аз ин зиёдро ташкил медиҳад, ки истеъмоли он бе коркарди аввалин ғайриимкон аст. Инчунин қисми зиёди шабакаҳои обтаъминкунӣ ҳанӯз солҳои 60-80-уми асри гузашта насб шуда, давоми солҳои зиёд онҳо кӯҳнаву фарсуда гаштаву ба таъмиру таҷдид ниёз доранд. Ин шабакаҳо дар аксар ҳолат боиси паст гардидани сифати оби нӯшокӣ ва пайдоиши касалиҳои сирояткунанда гардида, ба саломатии истеъмолкунандагон хатарнок буданд.
Дар ин замина, ба андешаи масъулини соҳа, татбиқи Барномаи вилоятӣ имкон медиҳад, то ҳолати хатҳои обтаъминкунӣ ва иншооти обистеҳсолкунӣ ба эътидол дароварда шуда, хароҷоти садамавии хатти оби нӯшоки кам, ҳаҷми обрасонӣ зиёд, сифати хизматрасонӣ беҳтар ва шумораи истифодабарандагон аз оби тозаи ошомиданӣ зиёд гардида, ба беҳдошти саломатии аҳолӣ, пеш аз ҳама, пешгирии паҳншавии бемориҳои сирояткунанда мусоидат намояд.
Дар ин радиф, тибқи иттилои масъулини шуъбаи нақлиёт ва коммуникатсияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд айни замон аз 18 шаҳру ноҳияҳои вилоят 15-и он дорои низоми марказонидашудаи таъминот бо об буда, аҳолии се ноҳия — Кӯҳистони Мастчоҳ, Айнӣ ва Шаҳристон аз манбаъҳои гуногун, аз қабили чашма, чоҳҳои дорои обкашаки дастӣ, ҷӯйбор ва дигар манбаъҳо истифода мебаранд.
Дар робита ба ин, барномаи мазкур, ки аз ҷониби буҷети вилоятӣ, маҳаллӣ, ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳои обтаъминкунӣ, соҳибкорону аҳолӣ ва сармоягузории хориҷӣ маблағгузорӣ мешавад, ба таъмиру сохтмони нави хатҳои обтаъминкунӣ, кофтани чоҳҳои амудӣ ва ҳавзҳои захиравӣ, ташхиси сифати оби ошомиданӣ ва безараргардонии обҳои истеъмолӣ мусоидат хоҳад кард.
Ба иттилои масъулини идораи сохтмони вилоят, омӯзиши ҳолати воқеии бунёди маҳалҳои нави аҳолинишин дар шаҳру ноҳияҳои вилоят нишон дод, ки солҳои пеш ҳангоми ҷудо намудани қитъаҳои замин барои бунёди деҳаю шаҳракҳо манбаъҳои об, сохтмони хатти оби ошомиданӣ, хатҳои интиқоли барқ, роҳҳои асосию байни маҳаллаҳо, хатҳои ташноб ва дигар иншооти ёрирасон бе нақшаи кулл таҳия гардидаанд, ки ин яке аз сабабҳои пурра таъмин нагардидани аҳолӣ бо оби тозаи ошомиданӣ гардидааст. Аз ин лиҳоз, тибқи дастури махсуси раиси вилояти Суғд раисони ҳамаи шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шудаанд, ки ҳамаи он заминҳои наздиҳавлигии шаҳраку маҳаллаҳои навро, ки барои аҳолӣ ҷудо гардидаанд, бояд бо оби нӯшокӣ ва хатти барқ таъмин кунанд. Ҳамчунин имрӯзҳо ҳангоми бунёди шаҳракҳои навбунёди Сайҳун дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Моҳпарии шаҳри Исфара, Меҳрободи ноҳияи Мастчоҳ ва Баҳористони шаҳри Истаравшан сохтмони манбаъҳои обтаъминкунӣ ва хатҳои обрасонӣ тибқи нақшаи генералӣ ба роҳ монда шуда истодааст.
Тавре масъулини шуъбаи нақлиёт ва коммуникатсияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят баён доштанд, то 29 сентябри соли равон дар миқёси вилоят дар доираи барномаи вилоятӣ, ба ҷои 213,6 км нақшавӣ 237,5 км хатти нави оби нӯшокӣ кашида шуда, ҳамчунин аз 71 адад ҳавзҳои захиравии обӣ, ҳоло 66 адад ҳавз таъмир ва ба истифода дода шудаанд, ки бештари онҳо дар ноҳияи Деваштич қарор доранд.
Ғайр аз ин, барои таъмин намудани аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ ба ҷои 50 адад чоҳҳои амудии нақшавӣ 52 адад таъмиру аз нав кофта шудаанд, ки аз онҳо 8 адад дар ноҳияи Деваштич ва 3 адад дар ноҳияи Ашт ҷойгиранд. Дар ин давра ҳамчунин аз тарафи ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ бояд 492 км хатти қубурҳои обгузари обҳои нӯшокии шаҳру ноҳияҳо низ таъмиру тармим карда мешуданд, ки то имрӯз қариб 50% ё ин ки 223,8 км он таъмин гардиданд. Аз ҷумла, 14,21 км дар ноҳияи Деваштич, 19,6 км дар ш.Гулистон, 25 км дар н.Зафаробод, 44,75 км дар н.Б.Ғафуров ва 67 км дар н. Мастчоҳ таъмир шудаанд.
Боиси зикр аст, ки соҳибкорони вилоят низ дар ин раванд саҳм гузошта, барои кашидани хатти оби нӯшокӣ қариб 9 млн сомонӣ маблағгузорӣ намуданианд. То имрӯз ба ин самт 4,8 млн сомонӣ равона карда шудааст. Дар умум то санаи зикргардида дар доираи барномаи зерин аз 37 млн сомонӣ маблағҳои равонагашта қариб 20 млн сомонӣ масраф гардидааст.
Ҳамчунин бо дастури раиси вилоят баҳри таъмин намудани аҳолӣ бо оби тозаи хушсифат ба чанде аз ноҳияҳо, аз ҷумла, ноҳияи Ашт -225 ҳазор сомонӣ, Мастчоҳ -84,0 ҳазор сомонӣ, Зафаробод -23,8 ҳазор сомонӣ, Спитамен -599,0 ҳазор сомонӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ -252,5 ҳазор сомонӣ, Б.Ғафуров -111,0 ҳазор сомонӣ ва шаҳри Истаравшан -558,6 ҳазор сомонӣ ва дар умум 1 млн 853,9 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, имрӯзҳо корҳои сохтмонии хатҳои нави оби нӯшокӣ дар шаҳраку ҷамоатҳои ин ноҳияҳо идома доранд.
Аз ҷумла, то имрӯз дар доираи амалишавии Барномаи вилоятӣ баҳри таъмини аҳолии шаҳри Хуҷанд бо оби тозаи нӯшокии сойи Хоҷа-Боқирғон 12 чоҳи амудии иншооти мазкур аз таъмир бароварда шуданд. Ҳамчунин дар шаҳри Бўстон тибқи лоиҳаи барқарорсозии шабакаҳои обтаъминкунӣ 13 ҳазор метр қубури обгузар ба лўлаҳои полиэтиленӣ иваз карда шуда, 46 бинои баландошёна ва 36 ҳавлӣ ба шоҳқубурҳои амалкунандаи полиэтиленӣ пайваст гардиданд. Дар ноҳияи Спитамен пас аз таъмиру навсозии зиёда аз 2 км қубурҳои фарсудашудаи хатти оби нӯшокӣ ва ба истифодадиҳии ду чоҳи амудӣ, сокинони деҳаҳои Сомғор, Меҳнатобод ва шаҳраки Навбунёд бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин гардиданд. Ҳамчунин дар ҳудуди ноҳияи Ашт аз ҷониби соҳибкорону аҳолӣ 2 адад чоҳи нави амудӣ кофта ва 2 чоҳи амудии дигар таъмир карда шуда, дар масофаи 4,1 километр хати нави обгузар кашида шудааст.
Дар ин замина сокинони маҳаллаи Ферегати Ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ низ бо насб ва мавриди истифода қарор гирифтани таҷҳизоти ҳозиразамон бо харҷи қариб 1 млн. сомонӣ бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин гардиданд.
Абдуаҳад ДАДОБОЕВ,
АМИТ «Ховар», Суғд