ТАНЗИМИ АНЪАНА ВА ҶАШНУ МАРОСИМҲО: шахси мотамзада бештар ба таскину ғамшарикӣ эҳтиёҷ дорад, на ба ташвиши дарёфти маблағу оростани хони маърака

Октябрь 19, 2017 11:39

ДУШАНБЕ, 19.10.2017. /АМИТ «Ховар»/. Мушоҳида мегардад, ки дар замони соҳибистиқлолӣ сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолии  Тоҷикистон торафт боло рафта, фаъолнокии сиёсии онҳо меафзояд, ки натиҷаи тадбирҳои андешидаи роҳбарияти олии мамлакат ва ниҳодҳои дахлдор дар самти демократисозии ҳаёти ҷамъиятӣ ба шумор меравад. Исботи ин гуфтаҳо иштироки фаъолона ва саросарии мардум дар ҷараёни баррасиҳои озоду шаффофи такмили муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад.

Аслан, ин санади  меъёрии ҳуқуқӣ  ба ҳайси аввалин қонуни миллӣ дар таърихи қонунэҷодкунии замони соҳибистиқлолии ҷумҳуриамон ба як падидаи арзишманди ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷати такдирсози ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии аҳли ҷомеа табдил ёфта, аҳамияти сиёсии он низ барҷаста ва намоён аст.

Ҳақиқати яқин аст, ки андешаи таҳия ва қабули чунин қонуни роҳнамо маҳсули тафаккури хирадмандона ва оянданигаронаи  Президен­ти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Пешвои миллат бо назардошти мушкилоти зоҳирпарастӣ ва зиёдаравию исрофкорӣ дар баргузории ҷашну маросимҳо, ки бори зиндагии иҷтимоии мардумро сангин намуда буд, роҳи ислоҳи ин вазъ ва сабук сохтани рӯзгори мардумро дар танзими ин бахши ҳаёти ҷамъиятӣ тавассути истифодаи воситаи қонунии он диданд.

Гузашти даҳсола аз ин икдом ва ташаббуси бузургу қисматсози Пешвои миллат нишон дод, ки як масири оқилонаи танзи­ми қонунии мушкилоту печидагиҳои анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш гирифта шудааст, ки он на танҳо дар дохили мамлакат ҳамраъйиву ҳамовозии пурра пайдо намуд, балки дар сатҳи кишварҳои хориҷӣ низ мавриди омӯзишу пайравӣ қарор гирифт. Ҳар ҳарфу сатри қонуни танзим садои қалбу хоставу писандидаи мардуми бедордилу огоҳназари Тоҷикистон мебошад, ки даъвати Сарвари хешро бо нишони ҳамдилӣ содиқонаву самимона пазируфтанд ва онро чун роҳи наҷот аз вартаи бенизомиву хатокорӣ дар ташкилу гузарондани ҷашну маросимҳои миллӣ қабул намуданд.

Таҷрибаи маъмул аст, ки ҳар санади қонунӣ вобаста ба гузашти давр, тағйироту таҳаввулоти ҳаёти ҷамъиятӣ ва ниёзи замон такмил ёфта, посухгӯи эҳтиёҷоти рӯзмарра ва ояндаи мардум мегардад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» низ дар доираи ҳамин назарияи илмӣ бо сипарӣ шудани муҳлати даҳ сол ба такмил зарурат пайдо намуд. Хусусан, мутобиқи тағйироти ба наздикӣ воридшуда нисбат ба баргузории маросими дафну азодорӣ сабукии хеле назаррас мавриди амал қарор гирифт. Чунки қаблан оилаҳои гирифтори мусибат ҳангоми аз даст додани шахси наздики худ бар замми таҳаммули мотаму андӯҳи ба сарашон омада бори сангини дигар — ташкили маъракаву додани таомро бар дӯш мегирифтанд, ки ба ягон қолаби фаҳмишу муносибати ахлоқӣ ва инсонӣ рост намеояд. Аз диди равонӣ низ шахси мотамзада бештар ба таскину таслият ва ҳамдардиву ғамшарикӣ эҳтиёҷ дорад, на ин ки мурдаву азодории худро монда, дар фикру ташвиши дарёфти маблағу хариди бозору оростани хони маъракаҳои «се», «чил», «сол» ва ғайра бошад. Дар акси ҳол ин мақоли тоҷикии «Мурдаро монда тутхӯрӣ»-ро ба ёд меорад.

Дар таҷрибаи фаъолияти хизматии судӣ мо борҳо шоҳиди он будем, ки ҳангоми гузарондани маъракаҳои хонадоршавӣ харҷи зиёдатӣ ва бемеъёр, ки гоҳо бо маблағҳои қарзӣ анҷом дода мешаванд, сабабгори барҳамхӯрии оилаҳои ҷавон, баҳсҳои судӣ сари тақсими моликият, маблағҳои пулӣ, маскун намудан дар манзили истиқоматӣ ва ғайра мегардиданд. Бинобар ин, тағйиру иловаҳои воридгардида зарурати ҳаётӣ ва тақозои замон буда, аслу решаи онҳо роҳ надодан ба исрофкорӣ ва зиёдаравӣ ҳангоми баргузории ҷашну маросимҳо, манъи баъзе маросимҳо бо мақсади беҳбудии вазъи иҷтимоӣ, пешгирӣ ва кам кардани хароҷоти барзиёд ва ба ин восита баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми Тоҷикистон мебошад.

Рӯ овардан ба қудрати қонун дар ҳалли мушкилоти мубрами зиндагии аҳли ҷомеа шеваи амали хосси мардуми накузамир ва поктинат аст. Шаҳрвандони сарфарози Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ин роҳ боз як қадами ҷиддӣ барои раҳоӣ аз чанги таассубу хурофот гузошта, азм намуданд, ки бо навҷӯиву тозакорӣ ба сӯи саодати фарогири миллӣ ҳаракат намоянд.

Суҳроб РУШАНЗОДА,

 Раиси суди ноҳияи Синои  

шаҳри Душанбе

Октябрь 19, 2017 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Чаро маъракаҳои ҳоҷиталбон ҳолати худнамоишдиҳӣ гирифтаанд?
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои қонуншиканӣ вобаста ба вайрон намудани қонуни танзими анъана зиёд шудаанд
16 СОЛИ ПУР АЗ МАНФИАТ. Танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муҳимияти он дар зиндагии сокинон
ТАНЗИМИ МАЪРАКАҲО — ОМИЛИ ЗИНДАГИИ БОСАОДАТ. Таҳти ин унвон дар шаҳри Левакант бо сокинон мулоқот доир гардид
Дар Суғд доир ба шарҳи қонунҳои миллӣ корҳои таблиғотӣ ва силсиламулоқот гузаронида шуданд
Дар Вазорати молия ҷиҳати татбиқи қонуни танзим ҷаласа доир шуд
Барои риоя накардани Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 358 парванда аз ҷониби судҳо баррасӣ гардид
Ҷаримаҳо барои риоя накардани талаботи қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим зиёд карда шуданд
Суди ноҳияи Файзобод Шобидин Табаровро барои риоя накардани қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ҷарима намуд
Дар 20 рӯз 9 ҳолати вайрон намудани муқаррароти қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим ба қайд гирифта шуд
Ба сокини шаҳри Турсунзода барои риоя накардани Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Точикистон» ҷарима таъйин гардид
Суди ноҳияи Файзобод: Суннат Гулов барои риоя накардани қонун ба маблағи 2750 сомонӣ ҷарима месупорад