Тоҷикистон ба таҳкими ҳамкории босамар бо СММ дар самти татбиқи барномаҳо ҳавасманд мебошад
ДУШАНБЕ, 25.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. 24 октябри соли 2017 бахшида ба Рӯзи Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ва 25-умин солгарди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва СММ вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Ҳамоҳангсози доимии СММ-Намояндаи доимии Барномаи рушди СММ хонум Пратибҳа Меҳта ва роҳбарони зерсохторҳои СММ дар Тоҷикистон баргузор гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, Вазири корҳои хориҷӣ С. Аслов иштирокчиёни вохӯриро бо ин рӯзи таърихӣ таҳният гуфта, нақши СММ-ро дар ҳалли масъалаҳои ҷаҳони муосир муҳим арзёбӣ намуд.
Дар мулоқот масоили ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ниҳодҳои СММ баррасӣ гардида, таваҷҷуҳи хосса ба татбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳо дар Тоҷикистон ва дурнамои ҳамкории минбаъда дода шуд.
Дар анҷоми мулоқот Вазири корҳои хориҷӣ аз сатҳи баланди робитаҳои рушдёфта изҳори қаноатмандӣ карда, ҳавасмандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати таҳкими ҳамкории босамар бо СММ дар самти татбиқи барномаҳо барои расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор иброз намуд.








Дар Қоҳира 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои иҷтимоӣ, хонавода ва кӯдакони Давлати Кувайт мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Ректори Донишгоҳи тиббии Вена вохӯрӣ намуд
Дар Вашингтон 34-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Амрико таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Дар Бағдод тамосҳои мустақим байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Молдова машваратҳои консулӣ баргузор намуданд
Cафири Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Ҳамкории иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузории Давлати Кувайт ба Тоҷикистон баррасӣ гардид
Зубайдулло Зубайдзода бо намояндаи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Президенти Кантони Сюрих мулоқот намуд






