Тоҷикистон назорат дар соҳаи идоракунии давлатиро такмил медиҳад-конференсияи байналмилалӣ

Октябрь 13, 2017 17:10

ДУШАНБЕ, 13.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. «Контрол ва назорат дар соҳаи идоракунии давлатӣ, проблемаҳо ва роҳҳои такмил»-таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе конференсияи дурӯзаи байналмилалӣ ба кори худ шурӯъ кард.

Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз созмондиҳандагони асосии ҳамоиши илмӣ ба шумор меравад. Дар кори конференсия дар баробари ҳуқуқшиносон ва коршиносони соҳаи идоракунии давлатии Тоҷикистон, инчунин намояндагони мақомоти илмие, ки дар самти назорату бозбинӣ фаъолият мебаранд, аз кишварҳои Германия, Россия, Қирғизистон ва Қазоқистон иштирок доранд. «Хусусиятҳои сиёсӣ-ҳуқуқии назорат дар идоракунии давлатии Тоҷикистон», «Консепсияи рушди қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити нави идоракунии давлатӣ, «Масъалаҳои муҳими назорат дар шароити муосири рушди давлатии Россия», «Танзими ҳуқуқии фаъолияти мақомоти андоз дар Ҷумҳурии Қазоқистон», «Рушди назорати судӣ дар соҳаи идоракунии давлатии Ҷумҳурии Қирғизистон» аз мавзӯъҳое ҳастанд, ки дар ҷараёни конференсия мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.

Муовини директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳо Муҳиба Маҳмадҷонова ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки дар Тоҷикистон бори аввал аст чунин ҳамоиши илмӣ дар самти контрол ва назорат дар соҳаи идоракунии давлатӣ доир мегардад.

«Бо пешрафти замона қонунгузорӣ ҳам такмил мехоҳад ва баррасии ҷанбаҳои гуногуни ин масъаларо дар кори ин конференсия ба хотири он ба роҳ мондаем, ки роҳҳои дастрасӣ ба беҳбудии соҳаро дар ин ҳамоиши илмӣ пайдо намоем. Баргузории чунин ҳамоишҳо ва табодули афкори умум бо омӯхтани таҷрибаи якдигар имконият медиҳад, ки  дар идоракунии давлатӣ соҳаи назорат ва контроли ҳуқуқиро ба роҳ монем ва онро такмил диҳем»,- мегӯяд Муҳиба Маҳмадҷонова.

Мудири шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳо, доктори илмҳои ҳуқуқ  Имомалӣ Бӯриев мегӯяд, ки дар идоракунӣ назорат як ҷузъи муҳимтарини он мебошад. «Аз он чизе, ки зимни баромадҳои намояндагони дигар кишварҳо шунидем, маълум мегардад, ки аксарияти кишварҳо мисли Тоҷикистон дар ҳолати такмил додани қонунгузорӣ ҳастанд. Махсусан Россия, ки мо бештар кӯшиш мекунем аз таҷрибаи он бархӯрдор шавем. Бояд зикр намуд, ки дар самти контрол ва назорат дар соҳаи идоракунии давлатӣ баъзе давлатҳои ғарбӣ, масалан ИМА, Германия ва дигар кишварҳо хеле пешрафтаанд, ки мо бояд аз таҷрибаи онҳо бархӯрдор шавем»,-баён дошт Имомалӣ Бӯриев.

Ба андешаи ҳамсуҳбат, он қонунҳо ва қарорҳое, ки  қабул мешаванд, бояд ҳамеша таҳти назорати мақомоти марбута амалӣ гарданд. Давлати мо, ки ҳуқуқбунёд аст, бояд ҳар як мақомоти давлатӣ тибқи қонун вазифаҳои худро дар самти бозбинӣ ва назорат пурра иҷро намояд.

Яке аз пешниҳодҳое, ки аз ҷониби иштирокдорон баён гардид, ин баргузор намудани чунин конференсияҳо дар кишварҳои дигар буд. Чунки ин гуна ҳамоишҳои табодули афкори умум бо омӯхтани таҷрибаи якдигар имконият медиҳанд, ки  дар идоракунии давлатӣ соҳаи назорат ва контроли ҳуқуқиро ба роҳ монем ва онро такмил диҳем.

 

 

Октябрь 13, 2017 17:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар кӯчаҳои Хуҷанд барои пешгирии ифлосшавии муҳити зист дурбинҳои назоратӣ насб гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳаҳои маорифу тандурустии ноҳияи Ёвон нақшаи захираи ангишт пурра иҷро гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ишкошим сохтмони Литсейи касбии техникӣ оғоз ёфт
Сарони давлатҳо қарорро дар бораи таъсиси қолаби нав бо номи «ИДМ плюс» имзо карданд
Раим Саданшоев: «Мо на танҳо дар самти таъмини алоқа, балки дар дигар соҳаҳо низ ҳамроҳи шумоем»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар Лахш барои фаъолияти самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистон беш аз як миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст
Чӣ тавр тарофаро дар якчанд дақиқа метавон фаъол кард?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад