Тоҷикистон назорат дар соҳаи идоракунии давлатиро такмил медиҳад-конференсияи байналмилалӣ
ДУШАНБЕ, 13.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. «Контрол ва назорат дар соҳаи идоракунии давлатӣ, проблемаҳо ва роҳҳои такмил»-таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе конференсияи дурӯзаи байналмилалӣ ба кори худ шурӯъ кард.
Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз созмондиҳандагони асосии ҳамоиши илмӣ ба шумор меравад. Дар кори конференсия дар баробари ҳуқуқшиносон ва коршиносони соҳаи идоракунии давлатии Тоҷикистон, инчунин намояндагони мақомоти илмие, ки дар самти назорату бозбинӣ фаъолият мебаранд, аз кишварҳои Германия, Россия, Қирғизистон ва Қазоқистон иштирок доранд. «Хусусиятҳои сиёсӣ-ҳуқуқии назорат дар идоракунии давлатии Тоҷикистон», «Консепсияи рушди қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити нави идоракунии давлатӣ, «Масъалаҳои муҳими назорат дар шароити муосири рушди давлатии Россия», «Танзими ҳуқуқии фаъолияти мақомоти андоз дар Ҷумҳурии Қазоқистон», «Рушди назорати судӣ дар соҳаи идоракунии давлатии Ҷумҳурии Қирғизистон» аз мавзӯъҳое ҳастанд, ки дар ҷараёни конференсия мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.
Муовини директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳо Муҳиба Маҳмадҷонова ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки дар Тоҷикистон бори аввал аст чунин ҳамоиши илмӣ дар самти контрол ва назорат дар соҳаи идоракунии давлатӣ доир мегардад.
«Бо пешрафти замона қонунгузорӣ ҳам такмил мехоҳад ва баррасии ҷанбаҳои гуногуни ин масъаларо дар кори ин конференсия ба хотири он ба роҳ мондаем, ки роҳҳои дастрасӣ ба беҳбудии соҳаро дар ин ҳамоиши илмӣ пайдо намоем. Баргузории чунин ҳамоишҳо ва табодули афкори умум бо омӯхтани таҷрибаи якдигар имконият медиҳад, ки дар идоракунии давлатӣ соҳаи назорат ва контроли ҳуқуқиро ба роҳ монем ва онро такмил диҳем»,- мегӯяд Муҳиба Маҳмадҷонова.
Мудири шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳо, доктори илмҳои ҳуқуқ Имомалӣ Бӯриев мегӯяд, ки дар идоракунӣ назорат як ҷузъи муҳимтарини он мебошад. «Аз он чизе, ки зимни баромадҳои намояндагони дигар кишварҳо шунидем, маълум мегардад, ки аксарияти кишварҳо мисли Тоҷикистон дар ҳолати такмил додани қонунгузорӣ ҳастанд. Махсусан Россия, ки мо бештар кӯшиш мекунем аз таҷрибаи он бархӯрдор шавем. Бояд зикр намуд, ки дар самти контрол ва назорат дар соҳаи идоракунии давлатӣ баъзе давлатҳои ғарбӣ, масалан ИМА, Германия ва дигар кишварҳо хеле пешрафтаанд, ки мо бояд аз таҷрибаи онҳо бархӯрдор шавем»,-баён дошт Имомалӣ Бӯриев.
Ба андешаи ҳамсуҳбат, он қонунҳо ва қарорҳое, ки қабул мешаванд, бояд ҳамеша таҳти назорати мақомоти марбута амалӣ гарданд. Давлати мо, ки ҳуқуқбунёд аст, бояд ҳар як мақомоти давлатӣ тибқи қонун вазифаҳои худро дар самти бозбинӣ ва назорат пурра иҷро намояд.
Яке аз пешниҳодҳое, ки аз ҷониби иштирокдорон баён гардид, ин баргузор намудани чунин конференсияҳо дар кишварҳои дигар буд. Чунки ин гуна ҳамоишҳои табодули афкори умум бо омӯхтани таҷрибаи якдигар имконият медиҳанд, ки дар идоракунии давлатӣ соҳаи назорат ва контроли ҳуқуқиро ба роҳ монем ва онро такмил диҳем.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






