Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ роҳбарони муассисаҳои зерсохтори вазоратро ба риояи талаботи қонунгузории зиддикоррупсионӣ даъват намуд
ДУШАНБЕ, 06.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади дар амал тадбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ба танзим даровардани либоси ягонаи тиббии кормандони муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин доир ба масъалаҳои муқовимат ба амалҳои коррупсионӣ дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати мазкур ба АМИТ “Ховар” хабар доданд.
Дар ҷамъомад Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода, сардорони раёсатҳои тандурустии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе, роҳбарони муассисаҳои давлатии таълимии тиббӣ, директорони пажӯҳишгоҳҳо ва муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, сартабибони беморхонаҳои марказии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, роҳбарони шабакаи муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ иштирок намуданд.
Насим Олимзода вобаста ба масъалаҳои муқовимат нисбат ба амалҳои коррупсионӣ сухан гуфта, ҳозиринро аз зарари номатлуби ин зуҳурот дар ҷомеа ва таъсири он ба пешрафту шукуфоии давлат воқиф кард. Мавсуф ҳамчунин вобаста ба роҳу усулҳои пешгирии омилҳои коррупсионӣ, дарки амиқи зарару оқибатҳои ногувори он маълумот дода, ҷамъомадагонро ба риояи талаботи қонунгузории зиддикоррупсионӣ ва дар амал татбиқ намудани он даъват намуд.
Масъулини раёсатҳои тандурустии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳои ҷумҳурӣ вазифадор карда шуданд, ки дар муҳлати начандон тӯлонӣ ҷиҳати таъмин гардидани кормандони соҳаи тандурустӣ бо либоси ягонаи кормандони тиббӣ мусоидат намоянд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






