Зилзилаҳои мудҳиши Қаратоғ, Сарез ва Ҳоит бо таҷҳизоти муосир омӯхта мешаванд

Октябрь 25, 2017 16:45

ДУШАНБЕ, 25.10.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Зилзилаҳои мудҳиш, аз қабили заминҷунбиҳои дар Қаратоғ (соли 1907), Сарез (соли 1911) ва Ҳоит (соли 1949) рухдода бо шиддати 9 балл дар замони муосир бо назардошти таҷҳизоти муосир омӯхта мешаванд. Ин матлабро ноиби президенти Академияи илмҳои ҶТ, академик Ҳикмат Муъминов зимни ифтитоҳи сессияи  илмӣ таҳти унвони  «110-солагии солгарди заминҷунбии Қаратоғ (21 октябри соли 1907) ва масъалаҳои муосири геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология», ки  имрӯз дар толори Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, изҳор намуд.

Олимони дигари тоҷик  С.  Неъматуллоев, Н. Саломов, Ф. Каримов, Д. Низомов, А. Швартс  низ дар бораи  заминларзаи Қаратоғ бо назардошти тадқиқоти илми муосири сейсмологӣ андешаҳои худро баён намуданд.

IMG_2280Зикр гардид, ки заминҷунбиҳои мудҳише, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ тӯли садсолаҳо ба вуқӯъ пайваста, айни замон низ рух медиҳанд, аз ҷониби муҳаққиқони Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳо мавриди пажӯҳиши васеъ қарор гирифтаанд. Хушбахтона, илми муосири астрофизика ва геофизика қудрати пешгӯӣ ва пешгирии бархе аз ҳаводиси нохуши табиӣ, аз ҷумла зилзиларо дорост ва роҳҳои пешгирии ҳодисаҳои табиӣ имрӯз дар сатҳи ҷаҳонӣ омӯхта мешаванд.

Тавре олимони соҳа иброз доштанд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон айни замон илми сейсмикӣ эҳё мешавад. Маълумоти рақамӣ ба воситаи таҷҳизоти муосир дарёфт гардида, дар саросари ҷаҳон интишор меёбад. Пойгоҳҳои сейсмикии «Санглох» ва «Симиганҷ» ҳамаи зилзилаҳоро новобаста аз маҳалли ба вуқӯъ пайвастанашон хабар доданд ва онҳо аз ҷониби марказҳои сейсмикии сатҳи ҷаҳонӣ истиқбол гардидаанд.

Октябрь 25, 2017 16:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд