Зилзилаҳои мудҳиши Қаратоғ, Сарез ва Ҳоит бо таҷҳизоти муосир омӯхта мешаванд
ДУШАНБЕ, 25.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Зилзилаҳои мудҳиш, аз қабили заминҷунбиҳои дар Қаратоғ (соли 1907), Сарез (соли 1911) ва Ҳоит (соли 1949) рухдода бо шиддати 9 балл дар замони муосир бо назардошти таҷҳизоти муосир омӯхта мешаванд. Ин матлабро ноиби президенти Академияи илмҳои ҶТ, академик Ҳикмат Муъминов зимни ифтитоҳи сессияи илмӣ таҳти унвони «110-солагии солгарди заминҷунбии Қаратоғ (21 октябри соли 1907) ва масъалаҳои муосири геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология», ки имрӯз дар толори Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, изҳор намуд.
Олимони дигари тоҷик С. Неъматуллоев, Н. Саломов, Ф. Каримов, Д. Низомов, А. Швартс низ дар бораи заминларзаи Қаратоғ бо назардошти тадқиқоти илми муосири сейсмологӣ андешаҳои худро баён намуданд.
Зикр гардид, ки заминҷунбиҳои мудҳише, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ тӯли садсолаҳо ба вуқӯъ пайваста, айни замон низ рух медиҳанд, аз ҷониби муҳаққиқони Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳо мавриди пажӯҳиши васеъ қарор гирифтаанд. Хушбахтона, илми муосири астрофизика ва геофизика қудрати пешгӯӣ ва пешгирии бархе аз ҳаводиси нохуши табиӣ, аз ҷумла зилзиларо дорост ва роҳҳои пешгирии ҳодисаҳои табиӣ имрӯз дар сатҳи ҷаҳонӣ омӯхта мешаванд.
Тавре олимони соҳа иброз доштанд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон айни замон илми сейсмикӣ эҳё мешавад. Маълумоти рақамӣ ба воситаи таҷҳизоти муосир дарёфт гардида, дар саросари ҷаҳон интишор меёбад. Пойгоҳҳои сейсмикии «Санглох» ва «Симиганҷ» ҳамаи зилзилаҳоро новобаста аз маҳалли ба вуқӯъ пайвастанашон хабар доданд ва онҳо аз ҷониби марказҳои сейсмикии сатҳи ҷаҳонӣ истиқбол гардидаанд.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






