ҲАФТАИ ҶАХОНИИ ИСТИФОДАИ ДУРУСТИ АНТИБИОТИКҲО: Дар мубориза бар зидди мутобиқшавӣ ба ин гуна доруҳо саҳмгузор бошед!
ДУШАНБЕ, 20.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. «Пешгирии ҳар як сироят- маънои дур шудан аз табобат бо антибиотикҳоро дорад. Дар мубориза бар зидди мутобиқшавӣ ба антибиотикҳо саҳмгузор бошед»-таҳти чунин мавзӯъ дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад баргузор гардид.
Ҷамъомад бахшида ба Ҳафтаи ҷаҳонии истифодаи дурусти антибиотикҳо баргузор гашта, дар он намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти давлатии назорати байтории Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Зикр шуд, ки Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ имсол ба муносибати Ҳафтаи ҷаҳонии истифодаи дурусти антибиотикҳо аз кормандони соҳаи тандурустӣ даъват ба амал меоварад, ки пеши роҳи вусъат ёфтани устуворӣ ба доруҳои зидди микробҳоро дар муассисаҳои тандурустӣ бигиранд ва дар ин амал аз тадбирҳои босамари пешгирӣ ва назорати инфексияҳо истифода баранд.
Истифодаи нодурусти антибиотикҳо барои саломатии ҳамаи мо хатар ба вуҷуд меорад. Истифодаи антибиотикҳо бе таъйиноти тиббӣ устувории зиддимикробии онҳоро метезонад. Инфексияҳое, ки аз микробҳои ба антибиотикҳо устуворбуда ба вуҷуд омадаанд, дорои хусусияти мураккаб буда, табобаташон душвор аст. Мубталои чунин сироят будан аз синну сол ва дар кадом кишвар зистан вобаста нест. Пас мебояд пеш аз истеъмоли антибиотикҳо ҳатман бо духтур маслиҳат кунем,-гуфтанд мутахассисон.
Мушкилоти устуворӣ ба доруҳои зиддимикробӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз масъалаҳои афзалиятноки соҳаи ҳифзи саломатии аҳолӣ ва инчунин соҳаи кишоварзӣ ба шумор меравад. Новобаста аз он, ки оид ба ин проблема маълумоти боэътимод ва илман собитгашта мавҷуд нест, аммо дар бораи ҳодисаҳои зуд-зуд гирифтор шудан ба шакли мутобиқгаштаи сил, салмонеллезҳо, дизентерия/исҳоли хунин, стафилакокки ауреюс ва салмонеллаҳо чӣ дар байни одамон ва чӣ дар байни ҳайвонот далелҳои дақиқ мавҷуданд. Аз ин рӯ дар сатҳи миллӣ аз тарафи гурӯҳи корӣ, ки ба он ҳама ташкилоту муассисаҳои манфиатдор ворид шудаанд, нақшаи миллӣ оид ба устувории доруҳои зиддимикробӣ таҳия ва танзим гардидааст.
Бояд зикр намуд, ки дар доираи ҳафтаи мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то 25 ноябри соли равон тадбирҳои гуногун гузаронида мешаванд.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






