Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия аз боздошти котиби коллегияи судии Суди шаҳри Душанбе хабар дод
ДУШАНБЕ, 13.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз боздошти котиби коллегияи судии Суди шаҳри Душанбе Баҳром Кенҷаев хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, номбурда бо роҳи фиреб ва суиистифодаи боварӣ аз шаҳрванд «А» барои ба фоидаи охирин ҳал намудани баҳси граждании манзили истиқоматӣ 4000 доллари ИМА талаб намудааст.
«Баҳром Кенҷаев зимни аз шаҳрванд «А» гирифтани 4000 доллари ИМА дар шаҳри Душанбе дастгир гардида, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ ёфта, гирифта шуд»,-илова намуд манбаъ.
Дар айни замон нисбат ба Баҳром Кенҷаев бо моддаи 247 қисми 4 банди «б» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакии он идома дорад.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






