Ҷавоби Вазорати маориф ва илм ба навиштаи радиои «Озодӣ» зери унвони «Ё русӣ ё англисӣ. Дастури вазорат барои ҳимояи рисолаҳои илмӣ»

Ноябрь 10, 2017 14:15

ДУШАНБЕ, 10.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. 9  ноябри соли равон  сомонаи радиои «Озодӣ»   зери унвони «Ё русӣ ё англисӣ. Дастури вазорат барои ҳимояи рисолаҳои илмӣ» матлаберо бо имзои Абдулло Ашўров нашр намуд, ки гўё дар асоси «қарори ҷаласаи мушовараи вазорат» минбаъд ҳимояи рисолаҳо дар шӯроҳои Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо забони русӣ ва англисӣ сурат мегирифта  бошанд.

Вобаста ба ин Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба навиштаи радиои «Озодӣ» ҷавоб навиштааст, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

Ба таваҷҷуҳи журналисти муҳтарам ва хонандагони радиои «Озодӣ» мерасонем, ки қарори мазкур на дар ҷаласаи мушовараи вазорат, балки дар ҷаласаи машваратии назди Вазири маориф ва илм қабул шудааст, ки дар он танҳо як зербанд — «минбаъд  ҳимояи рисолаҳои илмиро барои дарёфти дараҷаҳои илмии номзади илмҳо, доктор аз рўи ихтисос, доктори фалсафа (Phd) ва доктори илмҳо ба ғайр аз ихтисосҳои дорои ҷанбаи этникиву миллӣ ба забони русӣ ё англисӣ ба роҳ монанд» ишора шудааст».

Вобаста ба ин, журналист дар матлаби худ ҷумлаи мазкурро чунин шарҳ медиҳад: «манзур аз «ихтисосҳои ҷанбаи этникиву миллӣ дошта» равияҳое, чун филология аст ва унвонҷўёни ин соҳа метавонанд рисолаашонро бо забони тоҷикӣ ҳимоя кунанд. Рисолаҳои илмҳои дақиқ, аз қабили риёзиёт, кимиё ва физика бояд бо забони русӣ ва ё англисӣ ҳимоя шаванд».

Аҷабо, аз чунин шарҳу тафсир додани зербанди қарори ҷаласаи вазорат рўзноманигорони радиои «Озодӣ» чӣ суде мебардошта бошанд?! Ё бо овардани калимаи «бояд» («бояд бо забони русӣ ва ё англисӣ») чиро исбот кардан мехоҳанд? Магар бо чунин тарз шарҳу тафсир додан ва андешаю диду фаҳмиши худро  аз номи як ниҳод гуфтан дар доираи меъёрҳои ахлоқию касбии рўзномигорист?

Ҳам ба таваҷҷуҳи рўзноманигорони радиои «Озодӣ» ва ҳам ба таваҷҷуҳи муҳаққиқону хонандагон мерасонем, ки дар ин банд ҳадафи Вазорати маориф ва илм аз таҳия кардани рисолаҳо дар бахшҳои методикаи таълими забони русӣ, методикаи таълими забони англисӣ, методикаи таълими забони олмонӣ, методикаи таълими забони хитоӣ, методикаи таълими забони франсузӣ ва ҳамчунин рисолаҳо дар риштаҳои забони русӣ, забони англисӣ, забони олмонӣ, забони хитоӣ, забони франсузӣ, адабиёти англису рус, олмонию фаронсавӣ ва итолиёӣ мебошад. Яъне, дар ин риштаҳо рисолаҳо танҳо бо забони русӣ ва англисӣ таҳия карда мешаванд, ки ба ҳамон забон дифои он низ сурат мегирад. Аммо рисолаҳои ҳамаи фанҳои дигар, ки маншаи этникию миллиамон аст  ва вобаста ба риштаҳои афзалиятноки илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудаасту омода карда мешаванд, танҳо ва танҳо бо забони тоҷикӣ дифоъ карда мешаванд. Инро ҳам бояд гуфт, ки ин масъала бо Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа шудааст.

Гузашта аз ин, дар бархе муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ихтисосҳое мавҷуданд, ки забони таълимашон русӣ ва ё англисӣ аст. Ба хатмкунандагони ин ихтисосҳо, ки баъди хатми муассиса таҳсилашонро дар риштаҳои магистратура ва ё аспирантура идома медиҳанду хоҳиши таҳия намудани рисолаҳои илмиро бо забони русӣ ё англисӣ доранд, иҷозат дода мешавад, ки рисолаҳои худро таҳия намуда, дифои онро бо ҳамон забон ба роҳ монанд. Магар барои як ҷавон ва муҳаққиқи тоҷику тоҷикистонӣ донистани забони русию англисӣ чӣ бадӣ дорад, ки радиои «Озодӣ» ба ин ҳад ҳангома месозад?

Боз ҳам мегўем, ки интихоб дар ихтиёри худи муҳаққиқ аст, ки бо кадом забон рисолаашро таҳия месозаду онро дифоъ мекунад ва ҳеҷ як нафар ҳуқуқи ўро маҷбур кардан надорад. Аммо афзалият бештар ба забони тоҷикӣ дода шудааст. Ва набояд фаромўш кард, ки барои тамоми муҳаққиқон супоридани имтиҳони номзадӣ ҳатман аз  забони русӣ ва яке аз забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла, забони англисӣ сурат мегирад. Мақсад аз ин  он аст, ки олимони мо забони русӣ ва забонҳои хориҷиро хуб аз бар намуда, дар оянда дар муассисаҳои олии хориҷи кишвар дарс гуфта тавонанд.

Бо забони тоҷикӣ таҳия кардани рисолаҳо орзуву омоли деринаи миллати мо буда, вазифаи илмии забони модариамонро ба аслаш баргардонидан аст. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои татбиқи он тамоми тадбирҳоро меандешад.

 

 

 

 

 

Ноябрь 10, 2017 14:15

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад
Имрӯз дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Дар деҳаи Роҷи Панҷакент варзишгоҳи мактабӣ ба истифода дода шуд
3010 нафар сайёҳони хориҷӣ манзараҳои нотакрори Ховалингро тамошо намуданд
Дар Хатлон 165 бинои нави муассисаҳои таълимӣ бунёд карда мешавад
6 август дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон гармии ҳаво ба 37 дараҷа мерасад