Бахшида ба Рӯзи Парчами миллӣ дар Боғи «Дӯстии халқҳо» барномаи консертӣ доир мешавад
ДУШАНБЕ, 24.11.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 24 ноябр, соати 15:00 бахшида ба Рӯзи Парчами миллӣ дар Боғи «Дӯстии халқҳо» дар шаҳри Душанбе консерти идона баргузор мегардад.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, барномаи консертӣ бо композитсияи бадеии ҳунарпешагони Театри давлатии ҷавонон ба номи М. Воҳидов таҳти унвони «Парчам» оғоз меёбад. Сипас ҳунарпешагони Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ, оркестри эстрадии Гулшан, ансамбли давлатии «Шашмақом» ба номи Ф. Шаҳобов таронаҳои худро манзури тамошобинон мегардонанд.
Дар барномаи идона Афзалшо Шодиев, Фурқат Саидзода, Ширинмоҳ Ниҳолова, Хуҷастаи Мирзовалӣ, Чоршанбе Аловатов ва дигарон ҳунарнамоӣ намуда, хотири ҳозиринро болида мегардонанд.










Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






