БАРФ ДАР НОҲИЯҲОИ НАЗДИКӮҲӢ: зимистон ба ҳукми хеш медарояд

Ноябрь 30, 2017 09:00

ДУШАНБЕ, 30.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон имрӯз дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанди абрнок ва бебориш ва дар баъзе ноҳияҳои наздикӯҳӣ боридани борон ва барфро пешгӯӣ менамояд. Шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 8-13 дараҷа гарм мешавад.

Обуҳавошиносон иттилоъ медиҳанд, ки имрӯз, 30 ноябр дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда ва абрноки бебориш ва дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борону барф дар назар дошта шудааст.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш пешбинӣ мегардад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 1-6  дараҷа хунук ва рӯзона 7-12 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят  шабона  14-19 дараҷа ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад.

Тибқи маълумоти обуҳавошиносони кишвар, дар вилояти Хатлон  ҳавои тағйирёбанда ва абрноки бебориш пешгӯӣ гардида, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-4 дараҷа ва рӯзона 13-18 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш дар назар дошта шуда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борон ва барф дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти шарқ 2-7  метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона  0-5 дараҷа ва рӯзона 13-18 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш пешгӯӣ шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат шабона 2-4 дараҷа ва рӯзона 15-17 дараҷа гарм мешавад.

Ноябрь 30, 2017 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд