Биҳоҷал Раҳимова: «Дар таърихи навини мо, тоҷикон бояд Иҷлосияи XVI бо хатҳои заррин навишта шавад»

Ноябрь 16, 2017 11:14

ХУҶАНД, 16.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 16 ноябри соли равон ба баргузории Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 сол пур шуд. Бояд гуфт, ки Иҷлосияи мазкур дар таърихи халқу миллати тоҷик воқеаи сиёсию тақдирсоз ба ҳисоб рафта, дар он манфиатҳои умумимиллӣ боло гирифта, қувваҳои солими ҷомеа якҷо гашта, имконияти ризоияти ҷомеа ва имзои сулҳ ба даст оварда шуд. Вобаста ба баргузорӣ ва аҳамияти таърихии ин Иҷлосияи сарнавиштсоз дар суҳбат бо хабарнигори  АМИТ «Ховар» яке аз ходимони сиёсии ҷумҳурӣ,  собиқ муовини Сарвазири ИҶШС ва муовини Вазири саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон (с.1992) Биҳоҷал РАҲИМОВА хотироти худро варақгардон намуда, чунин баён дошт:

—  Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  рӯйдоди воқеан таърихӣ мебошад, зеро маҳз дар ҳамин иҷлосия тақдири ояндаи давлати миллии тоҷикон  тарҳрезӣ гардид.

Дарвоқеъ, дар он рӯзҳои пурошӯб ҷумҳуриро нооромӣ фаро гирифта буд. Хосатан, дар маркази вилояти Хатлон–шаҳри Қӯрғонтеппа ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт. Дар пойтахти кишвар низ гузаронидани иҷлосия имкон надошт, вазъият дар Душанбе ниҳоят  муташанниҷ буд. Тамоми шохаҳои ҳокимият фалаҷ гардида, оғози ҷанги шаҳрвандӣ бисёре аз шаҳрвандон, аз ҷумла, вакилон, зиёиён ва дигар аҳли фарҳангро   маҷбур сохт, ки  пойтахти кишварро тарк  намоянд. Чунки дар он айём ҳеҷ кас амнияти онҳоро кафолат дода наметавонист. Аз ин лиҳоз қарор дода шуд, ки иҷлосия  бояд  дар як минтақаи амнтар баргузор гардад. Маҳз аз ҳамин хотир иҷлосия   дар Хуҷанд баргузор гашт.

Ҳамин тариқ, аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 дар маҷлисгоҳи  Қасри Арбоб  Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон   ҷараён гирифт, ки дар кори он  вакилони Шӯрои Олӣ,  аъзои Шӯрои вазирон, пешвоҳои сиёсӣ, қумандонҳои саҳроӣ аз ҳар ду ҷониби даргир, намояндагони илму санъат, ҷамъиятҳои миллӣ, ҳаракатҳои мухталифи сиё­сию ҷамъиятӣ, намояндагони дигар давлатҳо ва воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд. Аввалин масъалаҳои ҳаётан муҳиме, ки дар ин иҷлосия муҳокима карда шуданд, ин тадбирҳо ҷиҳати ба эътидол овардани вазъи ҷамъиятию сиёсӣ дар ҷумҳурӣ, интихоби раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бораи тартиби ба ҷои муқимии зиндагӣ бозгардонидани гурезагон, дар бораи тасдиқ намудани аъзои девони вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайраҳо буданд. Зеро вазъияти сиёсии мамлакат рӯз то рӯз  душвор мегашт. Дар он шабу рӯз хотима ёфтани ҷанги шаҳрвандӣ ва таъмини амнияти мардум он тараф истад, мардум аз гуруснагӣ азият мекашиданд.   Гурӯҳҳои силоҳбадаст  роҳро маҳкам карда, намегузоштанд, ки ба минтақаи Кӯлоб  маводи ғизоӣ фиристода шавад. Мардуми минтақаҳои дигар низ дар чунин ҳолати  ноамниву бесуботӣ  қарор доштанд. Бахусус, сокинони шаҳри Душанбе аз нарасидани нон азоби зиёд мекашиданд.  Вазъият ба куллӣ дигаргуниро талаб мекард. Ҳамин тариқ, ба тариқи овоздиҳии  пинҳонӣ ва бо ҷонибдории бештари иштирочиёни иҷлосия номзадии раиси Кумитаи иҷроияи вилояти Кӯлоб  Эмомалӣ  Раҳмон ба вазифаи Раиси Шӯрои Олӣ пешниҳод ва интихоб гардид.

Ҳанӯз дар лаҳзаҳои аввали ҳассоси Иҷлосия Раиси навинтихоби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо катъият изҳор намуда буданд: «Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам». Ин суханони Эмомалӣ Раҳмон  он қадар самимона  садо доданд, ки ба дили на танҳо иштирокдорон, балки садҳо ҳазор сокинони кишвар умед оварда, ноумедиҳоро  рахнаву дилҳоро  аз кина холӣ сохтанд.

Бояд зикр кард, ки Раиси навинтихоби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба монанди роҳбарони дигар давлатҳо дар шароити орому пешравӣ не, балки дар мамлакати ҷангзада, ки касе ҷуръати ба он роҳбарӣ кардан надошт, ба сари қудрат омада, бо ҷасорат, матонат, дилу нияти пок ба кор оғоз намуда, дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ тавонист мардуми аз ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ азияткашидаи Тоҷикистонро  сарҷамъ намуда, барномаи дар ҷаҳони муосир беназири расидан ба сулҳ ва ризоияти миллиро таҳия ва амалӣ кунанд.

Маҳз дар ҳассостарин лаҳзаҳои таърихӣ давлат ва миллати тоҷик Роҳбари сазовори худро пайдо намуд ва ӯ ба халқ сулҳу ваҳдат, оштии миллиро фароҳам сохт. Танҳо дар заминаи муттаҳидӣ Тоҷикистон соҳиби Конститутсия, рамзҳои давлатӣ — Нишон ва Парчами худ гардида, имрӯз роҳ сӯи сохтмони кишвари дунявӣ, демократӣ ва соҳибихтиёр пеш гирифтааст. Барқарории сулҳу субот дар кишвар таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон имконият дод, ки татбиқи барномаҳои иқтисодии мамлакат густариш ёбад.

Иҷлосияи XVI  Шӯрои Олии Тоҷикистон воқеаи бузургест, ки дар таърихи навини мо ҳамто надорад ва, мо маҳз бо шарофати он ба ҳаёти осоиштаву созандагӣ расидем. Дар ҳақиқат Иҷлосияи таърихӣ барои миллати тоҷик иҷлосияи тақдирсоз ва наҷотбахш буд, зеро он халқи тоҷикро аз оташи ҷанг наҷот бахшида, тақдири истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ҳал  намуд ва барои пойдории ваҳдати миллӣ ва истиқрори сулҳ дар сарзамини бостониамон, амалӣ намудани ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ дар роҳи бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ пояи мустаҳкам гузошт.

Ору номус, ифтихори ватандорӣ, дурандешӣ ва ҳисси баланди масъулият ҳамроҳ бо қатъияту матонат ба Роҳбари давлати тоҷикон, фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, ки дар роҳи хотима бахшидан ба низоъ ва хусумати дохилӣ, таҳкими сулҳу сафо ва ваҳдати ростин миёни мардуми кишвар комёб гардад. Хираду заковати суннатӣ боло гирифта, роҳ ба сӯи созандагӣ ва шукуфоии минбаъдаи Тоҷикистони азиз ҳамвор гардид. Барои расидан ба ин рӯзи мақсуд душвориҳои зиёде пушти cap шуданд.

Дар таърихи навини мо, тоҷикон бояд Иҷлосияи XVI -ро бо хатҳои заррин навишт, то насли наврас рӯй ба таърих оварад ва то чӣ андоза муқаддасу воломақом будани онро дарк намояд

Имрӯз бо эътимоди қавӣ метавон гуфт, ки маҳз сиёсати дурбинонаву созандаи пешгирифтаи Сарвари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эътимоди қавӣ ба ояндаи дурахшони худ дар ҷодаи истиқлолияти давлатӣ дар ҳалқаи кишварҳои мутамаддини ҷаҳон бо сарбаландӣ, шарофатмандӣ ва шоистагӣ қадам мезанад.

Аз ин лиҳоз моро мебояд бо шукргузорӣ аз соҳибистиқлолӣ ва ваҳдату оромии кишвар ифтихор намуда, аз гузашта, алалхусус аз гузаштаи пурфоҷиаи кишварамон сабақ гирем ва ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. Сулҳу ваҳдати ба ивази ҷонбозиҳои зиёд бадастомадаро чун гавҳараки чашм нигоҳ дорем. Дар атрофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам муттаҳид шавем ва ба насли оянда Тоҷикистони пешрафтаро ба мерос гузорем.

 

Абдуаҳад ДАДОБОЕВ,

АМИТ «Ховар», Суғд

 

МАЪЛУМОТИ АМИТ «ХОВАР»:

Раҳимова Биҳоҷал Фатҳиддиновна 27 декабри соли 1941 дар собиқ вилояти Ленинобод (ҳоло вилояти Суғд) таваллуд шуда, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва Мактаби олии ҳизбии шаҳри Тошкандро хатм намудааст. Фаъолияти меҳнатиашро чун устои сех дар Комбинати қолинбофии Қайроққум шурӯъ кардааст.

Биҳочал Раҳимова солҳои гуногун дар вазифаҳои инструктори КМ Комсомоли Тоҷикистон, муовини мудири шуъбаи КМ ҲК Тоҷикистон, котиби кумитаи ҳизбии вилоят ва котиби КМҲК Тоҷикистон кор кардааст. 16 майи соли 1991 муовини Сарвазири собиқ СССР таъйин гардид.

 

Ноябрь 16, 2017 11:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Ба толори алоқа барои вохӯрӣ бо ситораҳои футбол!
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Корҳои анҷомдодаи Тоҷикистон барои омодагӣ ба Конфронси пиряхҳо дар мулоқоти Гурӯҳи Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ бо Дабири кулли СММ баррасӣ шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Таҷлили 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус
Конститутсия маҳсули андешаи бунёдии миллии халқи Тоҷикистон мебошад
Бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон ҷамъомади идона доир шуд
Нақш ва ҷойгоҳи Конуститутсия дар эъмори давлатдории миллӣ
Дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар Москва Форуми «Мактаби байналмилалии сафирони фарҳангии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи технологияи пурқувват ва пешрафта иштирок намуд