Дар Душанбе китоби «Ҷавонон- пайрави Эмомалӣ Раҳмон» рӯнамоӣ гардид
ДУШАНБЕ, 04.11.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе рӯнамоии китоби «Ҷавонон- пайрави Эмомалӣ Раҳмон»- бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдори кишвар ва ҷавонони фаъол баргузор гардид. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Зимни рӯнамоии китоб гуфта шуд, ки масъалаи ҷавонон ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат қарор дорад ва мебояд дар ҷавоб ба ин ғамхориҳо ҷавонон ҳамеша дар пайи аз худ кардани илмҳои замонавӣ бошанд ва ба ин васила дар таҳкими кишвар саҳми назарраси худро гузоранд.
«Ҷавонон- пайрави Эмомалӣ Раҳмон» бахшида ба Соли ҷавонон ва 25-умин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи нашриёти «Эр-граф» аз чоп баромад. Китоби мазкур 74 мақолаи олимони ҷавонро оид ба дастуру ҳидоят ва ғамхориҳои Пешвои миллат дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон фаро мегирад.
Маҷмӯа бо ибтикори Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ва шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва кумитаҳои иҷроияи ҳизб нашр гардида, армуғони хубе барои олимони ҷавони кишвар аст.
Хонанда метавонад аз ин маҷмӯа нигоҳи наву тозаи ҷавонони кишварро оид ба масъалаҳои мубрами рӯз ва инъикоси хизматҳои таърихии Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди ҷомеаи озоду демократӣ ва пешрафтаю шукуфо дарёбад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






