Дар Хуҷанд ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ дави миллӣ ва веломарафон доир гардид

Ноябрь 24, 2017 09:52

ХУҶАНД, 24.11.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар маркази Суғд- шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади арҷгузорӣ ба рукни муқаддаси миллии кишвар-Парчами давлатӣ ва роҳандозии тарзи ҳаёти солим мусобиқоти дави миллӣ ва веломарафон доир гардиданд.

Ба иттилои хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар», мусобиқоти мазкур бо иқдоми бахши кор бо ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд таҳти шиори «Парчами давлатӣ-рамзи ифтихори миллӣ» роҳандозӣ шуда, дар масофаи 8 км, оғоз аз Маҷмааи таърихӣ — фарҳангии «Истиқлол» то микроноҳияи 3-юм бо иштироки беш аз 8 ҳазор нафар дӯстдорони варзиши сабук ва 100 нафар ҳаводорони варзиши дучархаронӣ гузаронида шуд.

Ноябрь 24, 2017 09:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ