Дар Ҳисор анбори маҳсулоти тайёри корхонаҳои мошинсозии Беларус таъсис меёбад, -бардошт аз мулоқоти Абдуфатоҳи Ғоиб бо Олег Иванов
ДУШАНБЕ, 24.11.2017. /АМИТ «Ховар»/. Масоили ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва роҳҳои густариши тиҷорати мутақобила дар мулоқоти Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфатоҳи Ғоиб бо Сафири Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Иванов Олег Николаевич мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Бояд зикр кард, ки зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба таъсиси анбори маҳсулоти тайёри корхонаҳои мошинсозии Ҷумҳурии Беларус дар шаҳри Ҳисор ва пешбурди соҳа мубодилаи афкор карданд.
Дар мулоқоти мазкур инчунин масъули бахши иқтисодии сафорати Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Полянин Виктор Дмитриевич ва сардори Раёсати ҳамкории байналмилалӣ Эраҷ Ҷӯрабекзода, сардори Раёсати батанзимдарории тарифию гумрукӣ ва назорати арзӣ Лутфулло Сатторов ва сардори Раёсати ташкили назорати гумрукӣ Ҷамшед Абдуқодирзода ширкат варзиданд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






