Дар Кӯлоб ба хотири солимӣ ва фардои дурахшони насли наврас толори варзишӣ ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 04.11.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 25-умин солгарди иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли ҷавонон дирӯз дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №30-и шаҳри Кӯлоб толори варзишии замонавӣ ба истифода дода шуд. Толори мазкур ба хотири рушди варзиш ва тарзи ҳаёти солими наслҳои имрӯзу фардо бунёд гардидааст. Дар ин бора аз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Толор бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи ҶДММ «Уҳда»-и вилояти Хатлон бо маблағи 5 миллион сомонӣ сохта шуда, дорои 240 ҷои нишаст мебошад.
Баъди кушодашавии толори варзишӣ хонандагон маҳорати худро дар бозиҳои волейбол ва гӯштин намоиш доданд.








Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






