Дар Лахш бо мақсади ба амал овардани рӯҳияи зиддикоррупсионӣ вохӯрӣ доир гардид

Ноябрь 15, 2017 11:42

ЛАХШ, 15.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони шуъбаи минтақавии ноҳияи Рашти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони соҳаҳои гуногуни буҷетӣ  ва ҷавонони ноҳияи Лахш вохӯрӣ доир намуданд.

Нозири калони шуъбаи минтақавии ноҳияи Рашти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳокимҷон Шоҳиён гуфт, ки мақсад аз баргузории ин гуна вохӯриҳо дар ноҳияҳои минтақаи Рашт  фаҳмонидани моҳияти сиёсати давлат дар самти муқовимат ба коррупсия, тарғибу ташвиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои пурзӯр намудани мубориза бар зидди коррупсия, пешгирию рафъи омилҳои ба коррупсия мусоидаткунанда, дар ҷомеаи шаҳрвандӣ ба амал овардани рӯҳияи зиддикоррупсионӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии  шаҳрвандон мебошад.

Дар ҷамъомад зикр гардид, ки муқовимат бо коррупсия  ва паст кардани сатҳи он аз муборизаи дастаҷамъона,  савияи баланди  маърифати  ҳуқуқии зиддикоррупсионӣ ва шуурнокии ҳар як фарди ҷомеа  вобастагӣ дорад. Ҳамзамон ҳамоҳанг сохтани  қонунгузории миллии кишвар дар ҳамбастагию ҳамкории судманди ҷомеа бо кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пешгирии  коррупсия  мусоидат менамояд.

Дар мулоқот   барои дарси ибрат гирифтани  кормандони  соҳаҳои  гуногуни ноҳия баён гардид, ки А. Маҳмадов дар вазифаи  мудири филиали  рақами 11 БДА ҶТ «Амонатбонк»-и ноҳияи Лахш кор карда, аз ваколатҳои мансабиаш суиистифода намудааст. Ӯ ба муҳлати як сол қарзҳои кредитӣ тартиб дода, ба соҳибкорон Д. Нодиров ба маблағи 30 000 сомонӣ, А.Таштанов 30000 сомонӣ ғайриқонунӣ  додани кредитро тартиб дода, онро аз қайди нотариалӣ нагузарондааст. Нисбат ба онҳо бо моддаи 246 қисми 1-и  КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.

Инчунин шаҳрванд И.Ахмедов 24 апрели соли 2017 аз  «Амонатбонк»-и ноҳияи Лахш ба маблағи 30 000 сомонӣ қарзи бонкӣ гирифта, бо фоизҳояш ба бонки мазкур 61 ҳазору 020 сомонӣ зарар овардааст.

Ҳамчунин Ш. Идибеков 25 январи соли 2017  ба номи худаш 22 ҳазор  сомонӣ ва ба номи ҳамсараш 8250 сомонӣ  қарз гирифта, ин маблағҳоро барои эҳтиёҷоташон сарф намуда, бо ин кирдорашон ба бонки мазкур зарари калони молӣ расонидаанд.

Нисбат ба ҳамаи онҳо бо моддаи 246 қисми 2 банди «а»-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.

Ноябрь 15, 2017 11:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.5751 то 9.6000 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 апрел, сешанбе, 97-умин рӯзи соли 2026 аст
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Бӯстон Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид